Саноат дар Хатлон рушд дорад

№90 (3570) 15.07.2016

Раиси вилояти Хатлон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ дар нишасти матбуотӣ, ки 9-уми июли соли 2016 баргузор гардид, иброз намуд, ки дар зарфи шаш моҳи соли равон иҷрои нақшаи андоз бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108,9 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 521 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки нисбат ба нақшаи тасдиқшуда 42,5 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин муддат ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 286 миллион сомонӣ, аз ҷумла барои таъмини нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст. Дар натиҷаи кӯшишҳои дастаҷамъо­на дар ин муддат қарзи музди меҳнат 748,8 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 3030,5 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 215,4 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 7,6 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳудуди вилоят 7749 ҳазор тонна маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содирот шудааст, ки 139,4 фоизи нақшаро ташкил менамояд.

-  Мо аз он хушнудем, ки тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноат дар вилоят сол то сол рушд мекунад. Маҳз натиҷаи ҳамин дастгирӣ ва заҳмати кормандони соҳа буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2020,6 миллион сомонӣ расид. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108 миллион сомонӣ зиёд мебошад, — афзуд Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағгузории асосӣ аз ҳама манбаъ дар ин бахш 331,9 миллион сомонӣ, корҳои сохтмону васлгарӣ 206,9 миллион сомонӣ ва корҳои пудратӣ 690,3 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Инчунин, дар вилоят 185 бино — иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ, 1309 хонаи истиқоматӣ дар масоҳати 126,8 ҳазор мет­ри мураббаъ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Давлат СУЛТОНОВ,  «Садои мардум»