Аз нишастҳои матбуотӣ

Соҳаи нақлиёт низ аз COVID-19 зарар дид

№87 (4193) 18.07.2020

Худоер ХудоеровВазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода 15 июли соли ҷорӣ, зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки пандемияи коронавирус COVID — 19 ба соҳаи нақлиёт, бахусус фаъолияти нақлиёте, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ машғуланд, таъсири манфӣ расонд.

Дар натиҷа, ҳаҷми бору мусофиркашонӣ дар масири байналмилалӣ коҳиш ёфта, мувофиқи ҳисоби пешакӣ ба соҳа 132 миллион сомонӣ зарар расид.

- Роҳбарияти вазорат барои ҳалли ин мушкилот тадбирҳои зарурӣ андешида, иҷрои нақшаю барномаҳои давлатиро таъмин менамояд, — гуфт вазир. — Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи сармоягузорӣ, ба маблағи умумии 623 миллиону 246 ҳазор доллари ИМА татбиқ шуда истодааст.

Корҳои сохтмонӣ аз рӯи лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Турсунзода», қитъаи роҳ аз пайкараи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (ғайр аз чорроҳаи шаҳраки 82) ба маблағи 55 миллион доллари амрикоӣ, ки сохтмонаш моҳи марти соли 2018 оғоз шуд, анҷом ёфта, 10 июли соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — Бохтар, қитъаи Қизилқалъа – Бохтар ширкати машваратчӣ интихоб гардида, бинобар паҳншавии бемории коронавирус COVID — 19 интихоби пудратчӣ ба таъхир афтод.

Ҳамин тариқ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ, тавассути ҳама намуди нақлиёт 38790,2 ҳазор тонна бор ва 296018,8 ҳазор мусофир интиқол  дода шудааст.

Б. КАРИМЗОДА, Садои мардум»