Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти беш аз 1000 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар

№25 (4445) 24.02.2022

dav16 феврали соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нишасти матбуотӣ доир гардид. Гулзода Зафар, раиси ноҳия изҳор дошт, ки нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ соли 2021-ум 103 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 54  миллиону 371 ҳазору 600 сомонӣ нақшаи пешбинишуда ба буҷет 55 миллиону 900 ҳазору 465 сомонӣ ворид шуд.

Соли гузашта аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) 36 миллиону 419 ҳазору 429 сомонӣ ва аз ҳисоби вилоят 5 миллиону 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.

Кишоварзони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли гузашта дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 300 миллиону 614 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 11, 7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра аз ноҳия ба хориҷи кишвар 1003,1 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид.

- Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон дар ноҳия «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ барои солҳои 2021 — 2025» қабул гардидааст, ки он аз 124 лоиҳа иборат буда, маблағи 361 миллиону 774 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Инчунин, соли 2021 — ум 14 лоиҳа пурра иҷро гардидааст, — гуфт раис.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»