Аз нишастҳои матбуотӣ

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ — 12256,9 ҳазор доллар

№101 (4363) 05.08.2021

БобозодаДиректори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода дар нишасти матбуотие, ки 2 августи соли 2021 доир шуд, қайд кард, ки бо намояндагони ширкатҳои дохиливу хориҷӣ дар самти содироти маҳсулоти ватанӣ ва ташкили марказҳои логистикӣ ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Ҳамчунин, якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот баъзе корҳо амалӣ гардид.

Ӯ ёдовар шуд, ки 25 майи соли 2021 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмилалии тиҷоратӣ ва намоишгоҳи «Бохтарфуд — 2021» баргузор шуд. Дар он беш аз 200 меҳмон, аз ҷумла, намояндагони корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарони ширкату корхонаҳои дохилию хориҷӣ, ширкат намуда, 7 созишнома ба имзо расид.

Зикр гардид, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ 106,4 ҳазор тоннаро ташкил дод. Аз ин нишондиҳанда сабзавот 84,7 ҳазор тонна, меваи хушк — 11,9 ҳазор, меваҷот — 7,7 ҳазор ва дигар намуди маҳсулот 2,2 ҳазор тонна мебошад.

Умуман, дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз ҳисоби содироти маҳсулоти кишоварзӣ воридгардида 12256,9 ҳазор долларро ташкил дод.

А. МИРЗО,

 «Садои мардум»