Содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар меафзояд

№21 (4441) 15.02.2022

CTX_7117+++Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Хуршед Каримзода 2 феврали соли 2022 зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки соли 2021 Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 121 мамлакати ҷаҳон амалиёти содиротию воридотиро ба анҷом расонид, ки аз ҳаҷми умумии содирот 32 фоиз ё 572 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи наздик ва 68 фоиз ё 1 миллиарду 214,7 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд. Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Қазоқистон 20,2 фоиз, Туркия — 13, Хитой — 8,9, Ӯзбекистон — 7,1, Белгия — 5, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — 4,6 ва Федератсияи Россия 4,1 фоизро ташкил медиҳад.

Ба гуфти ӯ, соли 2021 аз Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ 78 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла ба маблағи 343,9 миллион доллар маъдану консентратҳо, 135,1 миллион — алюминий, 202,6 миллион — нахи пахта, 46,1 миллион — семент, 51,9 миллион — ресмони пахтагӣ ва 36,0 миллион доллар меваю сабзавот содирот шудааст.

Дар бораи каму зиёдшавии содироти мол зикр шуд, ки соли 2021 нисбат ба соли пеш содироти мол ба Италия ба маблағи 4,9 миллион доллар, Қирғизистон — 4,2 миллион доллар коҳиш ёфта, бо Қазоқистон 134,4 миллион доллар, Хитой — 125,2 миллион, Ӯзбекистон — 44,3 миллион, Федератсияи Россия — 31,5 миллион, Туркия — 29,2 миллион ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон -13,2 миллион доллар афзуд.

Аз хориҷи кишвар 96 номгӯи молу маҳсулот, аз қабили маҳсулоти нефтӣ ба маблағи 412,6 миллион доллар, гандум — 265,8 миллион, гази моеъ — 211,7 миллион, воситаҳои нақлиёти сабукрав -145,6 миллион, равғани рустанӣ — 109 миллион, шакар — 86,2 миллион, чӯбу тахта — 76,2 миллион, оксиди алюминий (глинозем) — 54,5 миллион ва нуриҳои минералӣ 42,1 миллион доллар ворид гардид.

Воридоти асосии мол аз Федератсияи Россия 30,4 фоиз, Қазоқистон — 19,4, Хитой — 16,1, Ӯзбекистон — 7,7, Туркия-3,8, Ҳиндустон — 2,9, Германия — 2,5 ва Япония 2,1 фоиз сурат гирифта, воридот аз Беларус ба маблағи 14,3 миллион доллар ва Қирғизистон 6,5 миллион доллар кам шудааст. Ин нишондод аз Федератсияи Россия ба маблағи 347,9 миллион доллар, Хитой — 241,3 миллион, Ӯзбекистон — 87,7 миллион, Қазоқистон — 61,0 миллион, Япония — 39,8 миллион, Туркия — 38,7 миллион ва Германия 15,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Хабарнигорон, инчунин, доир ба иҷрои нақшаи навъҳои пардохтҳои гумрукӣ, аз қабили воридоти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ, боҷи содиротӣ, андози аксизӣ, воридоти ғайриандозӣ ва аз ҳисоби фурӯши тамғаҳои аксизӣ барои воридот ва тамғагузории маҳсулоти тамоку ва нӯшокиҳои машруботӣ савол дода, посухи қаноатбахш гирифтанд.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»