Аз нишастҳои матбуотӣ

Соли 2021 барои донишҷӯёни ДТҶТ бобарор буд

№24 (4444) 22.02.2022

1024630308_628_0_2447_1999_1920x0_80_0_0_1630b535a4563b20ab8547377bb72dc3- Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов дар шонздаҳ кафедра 363 омӯзгор, аз ҷумла се доктори илм, ду профессор ва бист номзади илм, яксаду шаш омӯзгори калон, фаъолият намуда истодаанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 203 нафарашонро омӯзгорони ҷавон ташкил менамоянд. Инчунин, дар кафедраҳои варзишии донишкада зиёда аз 130 омӯзгор фаъолият доранд, ки аз онҳо 80 нафарашон аз рӯи ихтисос Устоди варзиш, Корманди шоистаи варзиш ва Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, — гуфт 9 феврали соли 2022 дар нишасти матбуотӣ ректори донишкада, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров ва афзуд: — Сессияи зимистона бо нишондодҳои хуб ҷамъбаст шуд. Аз шумораи умумии донишҷӯён, ки 4696 нафарро ташкил менамуд, дар даври фаъол 4633 нафар донишҷӯ сессияро бомуваффақият ҷамъбаст намуданд.

Донишкада дорои 7 толори варзишӣ, аз ҷумла толори гимнастика, гӯштингирӣ, толори гӯштин, бозиҳои варзишӣ, якҳарбаҳои шарқӣ, бокс, тирпарронӣ, вазнбардорӣ ва ду майдони калон барои футбол, майдон барои футболи хурд, 4 майдонча барои волейбол, 4 баскетбол ва майдони варзиши сабук мебошад. Айни замон зиёда аз 300 донишҷӯ аъзои дастаҳои мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз навъҳои гуногуни варзиш мебошанд. Аз ҷумла 12 нафари онҳо соҳиби унвонҳои баланди варзишианд.

Зикр гардид, ки 12-14 феврали соли 2021 дар мусобиқаи кушоди варзишӣ аз навъи гӯштини самбо миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва корхонаю идораҳои ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми вазири корҳои дохилӣ» дастаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ҷои аввалро ишғол намуд.

Бо ташаббуси шаҳрдорӣ Фестивали II дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» (22-27 – уми сентябри соли 2021) аз рӯи 4 навъи варзиш (футболи хурд, волейбол миёни бонувон ва мардон, гӯштини миллӣ, шоҳмот) баргузор шуд. Дар онҳо донишҷӯёни донишкада дар ҳисоби даставӣ бо шаш медали тилло (4 ҷои якум аз навъи гӯштини миллӣ ва 2 ҷои якум аз волейбол) ҷои якумро ишғол намуданд.

Дар Чемпионати Осиё аз навъи гӯштини самбо донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Халилзода Субҳиддин дар вазни 71 кило ҷойи дуюм, Иброимзода Бахтиёр вазни 64 кило ҷойи дуюм, Раҳимов Туйчӣ дар вазни 79 кило ҷойи дуюмро миёни ҷавонон ва Раҷабов Маҳмадюсуф ҷойи сеюмро миёни калонсолон ишғол намуданд.

Тиллои НЕКҚАДАМ,

 «Садои мардум»