Аз нишастҳои матбуотӣ

Сулаймон СУЛТОНЗОДА: «2088 ҷинояти коррупсиониро ошкор кардем»

№17-18 (4437-4438) 08.02.2022

КООРУПСИЯ (1)Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 нисбат ба 2088 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидоштаро ошкор намуданд, — гуфт директори он Сулаймон Султонзода дар нишасти матбуотие, ки 2 феврали соли 2022 баргузор гардид.

Дар ин давра дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 1080 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, 353 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Тавассути чораҳои андешидашуда аз ин маблағ 324 миллион сомонӣ ё 92 фоиз барқарор шуд.

Аз маблағҳои рӯёнидашуда 110 миллион сомонӣ ба буҷети давлат ва 214 миллион ба корхонаву муассисаҳо рост меояд.

Ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ кормандони агентӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо 1033 вохӯрӣ гузаронида, 48 суҳбати гирди миз доир шуд.

Аз натиҷаи санҷиш, таҳқиқ ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ барои бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ба вазорату идораҳо 2532 пешниҳод ва 1122 дастури хаттӣ ирсол гардида, нисбат ба 1164 нафар ҷазои интизомӣ татбиқ шуда, 396 нафар аз вазифаҳои ишғолкарда озод гардиданд.

- Дар давраи сипаригардида 4396 муроҷиат ворид гардида, 1254 муроҷиат қонеъ ва 89 муроҷиат дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад, — гуфт Сулаймон Султонзода.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»