Аз нишастҳои матбуотӣ

Таъмини 2039 хонавода бо оби нӯшокӣ

№24 (4444) 22.02.2022

DSC_1697Директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лои­ҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода зимни нишасти матбуотӣ, ки 11 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, оид ба фаъолияти марказ дар соли сипаригардида маълумот дод.

- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар доираи лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» соли 2021 сохтмони панҷ зерлоиҳаи хати оби нӯшокӣ ва 10 зерлоиҳаи хати оби полезӣ татбиқ шуд, — зикр кард ӯ ва афзуд: — Дар натиҷаи гузаронидани хатҳои оби полезӣ ва нӯшокӣ обёрии 892 гектар замини кишоварзӣ беҳтар гардида, барои кишоварзон ҷиҳати кишти дуюм ва сеюм шароити мусоид фароҳам шуд. Инчунин, зиёда аз 2039 хонаводаи панҷ деҳаи зерҳадаф бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи «Дастгирии кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» дар ҳафт шаҳру ноҳияи вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳия­ҳои тобеи ҷумҳурӣ — Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ, Ҷайҳун, Рашт, Тоҷикобод ва Норак амалӣ гардида, дар 177 деҳаи ноҳияҳои зерҳадаф бо фарогирии 51 ҳазору 782 хонавода мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.

Ҷиҳати сари вақт ва хушсифат гузаронидани корҳои агротехникии заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла ҷуфт, коркарди байни қаторҳои зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии хӯроки чорво ва ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ба кишоварзони ноҳияҳои зерҳадаф нуҳ комбайни ғалладаравӣ, чор экскаватори тасмачарх, 154 трактори гуногунтамға, чор трактори тасмачарх, 11 борбардори фронталӣ ва 695 мошинолоти кишоварзӣ, аз қабили ядак, испор, сихмола, алафтойбандак, култиватори байниқаторӣ, ғаллакӯбак ва дорупошакҳо дастрас шуданд.

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»