Аз нишастҳои матбуотӣ

Тоҷикистон ба панҷгонаи низоми беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардид

№96 (4516) 02.08.2022

4- Дар партави сиёсати созанда ва бунёкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳӣ рушд карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин нуктаро дар нишасти матбуотӣ 28 июли соли 2022 раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Тоҷиддин Ҷуразода баён намуд.

Номбурда қайд намуд, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 242 ширкати сайёҳӣ ба қайд гирифта шуда, 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 182 меҳмонхона, 29 ҳостел ва мотел, 50 осоишгоҳ, 7 маркази муолиҷавӣ ва марказҳои солимгардонӣ ва 5 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд. Аз шумораи умумии ширкатҳои сайёҳӣ ба шаҳри Душанбе 116, дар ВМКБ — 49, вилояти Суғд — 41, вилояти Хатлон — 18 адад рост меояд. Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд 363089 нафар сайёҳ арзёбӣ гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се баробар зиёд мебошад.

То имрӯз созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум бо 12 мамлакат, аз қабили Аморати Муттаҳидаи Араб, Шри – Ланка, Шоҳигарии Ҳошимии Урдун,Франсия, Давлати Қувайт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Покистон ба имзо расид.

Барои ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон раводиди навъи сайёҳии бисёркаратаи то 60 рӯза роҳандозӣ шуда, амалӣ гаштани низоми содакардашудаи раводид бо 126 давлат имконият медиҳад, ки сайёҳон ва шаҳрвандони дигари хориҷӣ бе муроҷиат ба ниҳодҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар аз тариқи онлайн раводиди электронӣ дастрас намуда ба ҷумҳурии мо сафар намоянд. Аз 1 январи соли 2022 барои 52 мамлакати дунё низоми бераводиди яктарафа ҷорӣ гардид, ки барои ҷалби бештари сайёҳӣ ба Тоҷикистон мусоидат менамояд. Тибқи арзёбии байналмилалӣ, низоми раводиди электронии Тоҷикистон ба панҷгонаи низоми беҳтарини пешниҳоди раводид ворид гардида, зинаи чорумро сазовор гашт.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

 «Садои мардум»