Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷикобод хишт» аз фаъолият бозмонд

№102 (4364) 10.08.2021

ТочикободДар нимсолаи аввали соли 2021 иҷрои нақша 108,2 фоизро ташкил дода, ба буҷет ба ҷои 3 миллиону 194 398 сомонии пешбинишуда, 3 миллиону 457 082 сомонӣ ворид гардид, — гуфт раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода дар нишасти матбуотие, ки 4 август баргузор гардид.

Тибқи нишондиҳандаи оморӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия 1 миллиону 947 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 653,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Корхонаи саноатии «Тоҷикобод хишт», мутаассифона, аз фаъолият бозмонд. Ду сехи мевахушкконӣ ва сехи коркарди меваву сабзавот фаъолияти пурмаҳсул доранд. Аз он изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки «Бонувони Тоҷикобод», «Дастони моҳир» ва ҶДММ «Достон» ба дӯхтани либоси ягона барои мактаббачагон машғуланд.

То ҷашни сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бунёди 77 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, 49 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад.

Диловари МИРЗО,

 «Садои мардум»