Аз нишастҳои матбуотӣ

«Тоҷиксуғурта» ба 5113 нафар ҷуброни зарар пардохт кард

№19 (4281) 11.02.2021

IMG_7866Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» соли 2020 бо 513660 шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонид, ки 44806 (8,7 дарсад) ба шакли ҳатмӣ ва 468 854 (91,3 дарсад) ба шакли ихтиёрии суғурта рост меояд. Аз шартномаҳои басташуда 26,5 миллион сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардидааст, ки 6,2 миллион сомонӣ (23,4 дарсад) шакли ҳатмӣ ва боқимонда шакли ихтиёрии суғурта мебошад. Дар ин бора директори КВД «Тоҷиксуғурта» Шуҳрат Мақсудзода ҳаштуми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бино ба гуфти номбурда, корхона дар ин давра ба 5113 зарардида ҷуброни суғуртавиро ба маблағи умумии 4,8 миллион сомонӣ пардохт намуд, ки 18,3 дарсади маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил медиҳад.

Фаъолияти молиявии корхона соли сипаришуда бо фоида ба маблағи беш аз 1,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст гардидааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 33,6 дарсад бештар мебошад.

Шуҳрат Мақсудзода изҳор дошт, ки КВД «Тоҷиксуғурта» бо 63 филиал ва 6 намояндагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯйи 22 намуди суғурта (13 намуди суғуртаи ҳатмӣ, 9 намуд ихтиёрӣ) хизмат мерасонад. Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта бо мақсади паст намудани хавфҳои иҷтимоии пайдоиши бемории сироятии коронавирус ба бандҳои дахлдори Қоидаи суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ тағйироту иловаҳо ворид намуда, онро дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон мавриди истифода қарор додаанд.

 Номбурда гуфт, ки ба 8 хизматчии давлатӣ ва ҳарбӣ, ки бар асоси бемории илтиҳоби шуш фавтидаанд, ба андозаи 8 маош ва 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт шуд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»