Аз нишастҳои матбуотӣ

Зӯроварӣ дар оила коҳиш ёфтааст

№24 (4444) 22.02.2022

DSC_1778Роҳбарияти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти ВКД ба чунин хулоса расиданд. Аз ҷумла, раиси кумита Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки 14 феврали соли ҷорӣ баргузор шуд, гуфт, ки тибқи иттилои ВКД шумораи умумии аризаҳои санҷидашуда оид ба зӯроварӣ дар оила соли 2021-ум 3485 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 176 ҳолат кам аст. Ин омил нисбат ба занон 548 ҳолатро ташкил дода, дар муқоиса бо соли 2020-ум 51 ҳолат кам ба қайд гирифта шудааст.

Кумита бо мақсади татбиқи саривақтӣ ва босифати «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021 — 2030» ва нақшаи амали он бо иштироки шахсони масъули вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муаррифии онро доир намуд. Ҳамчунин, ҷараёни амалишавии стратегияи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки дар доираи таҷлили маъракаи ҷаҳонии «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» силсилаи чорабиниҳо доир карда шуда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо СММ бо ҷалби зиёда аз 50 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор мизи мудаввар баргузор гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади пешгирии омилҳои номатлуб, аз ҷумла бекоршавии ақди никоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ – маърифатӣ, тақвият ёфта, дар ин давра аз ҷониби кумита ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ силсилаи чорабиниҳои сиёсӣ, омӯзишӣ, маърифатӣ, тарғиботию ташвиқотӣ вобаста ба баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва оиладорӣ, пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеа, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ташкил ва баргузор гардиданд.

Ҷиҳати дастгирии соҳибкории занон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 январи соли 2021 таҳти №5 «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021 — 2025» аз 322 лоиҳаи воридгардида 80 лоиҳаи мақсаднок ба маблағи 2 млн. сомонӣ дастгирӣ ёфтанд.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

 «Садои мардум»