Аз нишастҳои матбуотӣ

Зиёда аз шаш ҳазор ақди никоҳ бекор шуд

№87 (4037) 20.07.2019

DSC_0089Аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаш моҳи аввали соли равон 230232 санад, аз ҷумла 106 415 сабти таваллуд, 250084 сабти барқарори таваллуд, 16 929 сабти вафот, 622 сабти барқарори вафот, 33 265 сабти ақди никоҳ, 6065 сабти бекор кардани ақди никоҳ, 18251 сабти муқаррар намудани падарӣ ва 616 сабти фарзандхондӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст. Ҳамчунин, 22 985 сабти иваз намудани насаб, ном ва номи падарӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора зиёда аз даҳ ҳазор ҳолаташ иваз намудани ному насаби шаҳрвандон ба номҳои анъанавии миллӣ мебошад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ, ки 16 июл баргузор шуд, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам зикр кард.

Номбурда афзуд, ки идораҳои нотариалии давлатӣ 265709 амалиёти нотариалиро ба расмият дароварданд, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ 27776036 сомонӣ боҷи давлатӣ ворид гардид.

- Дар давраи ҳисоботӣ ба вазорат 1199 муроҷиат, аз ҷумла, 160 муроҷиати хаттӣ, 34 муроҷиат ба воситаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1005 муроҷиат аз хориҷи кишвар ворид шудааст. Дар рӯзҳои қабул аз ҷониби роҳбарияти вазорат 32 нафар ба ҳузур пазируфта шуданд, — гуфт вазири адлия Шоҳмурод Рустам.

 Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»