45 қонун ба имзо расид

№153 (4415) 24.12.2021

23 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чилу панҷ қонун имзо гузоштанд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо терроризм», «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш», «Дар бораи парандапарварӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда», «Дар бораи маориф», «Дар бораи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Инчунин, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он имтиёзҳои мавҷуда нигоҳ дошта шуданд ва боз сабукиҳои нав пешбинӣ гардиданд. Аз ҷумла, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯӣ, меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 ба 15, хизматрасонии меҳмонхонавӣ аз 18 ба 7, фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли дохилӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 18 ба 5 фоиз коҳиш ёфт.

Қонунҳо ба рушди соҳаҳои саноат, парандапарварӣ, густариши варзиш, тарбияи ҷавонон, беҳдошти шароити зисти мардум, таъмини қонуният ва пешрафти кори мақомоти давлативу ҷамъиятӣ равона шуда, дар матбуот интишор мегарданд.

www.president.tj