Ҷамъомади тантанавӣ ба истиқболи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

№118-119 (3598-3599) 15.09.2016

Чамъомад (1)Ҳаштуми сентябри соли 2016 дар толори бузурги Кохи Борбад ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Он бо ворид шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.

Дар ҷамъомад аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ, фаъолону собиқадорони ҷумҳурӣ, ҷавонон, намояндагони сершумори кормандони касбу кори гуногун ва сафирони кишварҳои хориҷи муқими Тоҷикистон иштирок карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикии худ Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро беҳтарин ва пурарзиштарин неъмат дар таърихи муосири миллати куҳантамаддуни тоҷик номида, аҳли толор ва мардуми кишвар, ҳамчунин кулли ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро бо солгарди 25-уми ин дастоварди олӣ табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастовардҳои ҳама соҳа, шурӯъ аз давраи баъди ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани гурезаҳо, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт, барқарорсозии шохаҳои фалаҷгаштаи ҳокимият, қабули Конститутсия ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчаму Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ, ислоҳоти соҳаҳо ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, интихоби се самти асосию стратегӣ ва қабули барномаҳои давлатии стратегии рушд андешаронӣ намуданд. Ноил шудан ба ҳама дастовардҳоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҳишу талошҳои мардуми тоҷик бо ҷонибдорӣ аз сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар мансуб донистанд.

Дар хотима барномаи рангини консертии устодони санъати тоҷик, ки таҷассумгари дастовардҳои мардуми шарифи тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ буд, пешкаш гардид.

www. president. tj