ҲАМДАРДИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НАЗДИКОНИ ҚАҲҲОР МАҲКАМОВ

№ 10.06.2016

DSC_00908 июни соли 2016 ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович баъди бемории тӯлонӣ дар синни 84 аз олам даргузашт.

Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар мансаб­ҳои роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст.

Ӯ ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.

Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу табори Маҳкамов Қаҳҳор ­Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба онҳо аз даргоҳи Худованд сабри ­ҷамил мехоҳам.