Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 25 сентябри соли 2017, № 431, ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ғиёсов Ҷ.Ф.

№115 (3752) 28.09.2017

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ғиёсов Ҷумахон Файёзович аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон        Эмомалӣ Раҳмон