Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Абдураҳмонзода Ҷ. У.

№149 (4411) 16.12.2021

аз 15 декабри соли 2021, №533, ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Абдураҳмонзода Ҷамила Уктамҷон муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН