Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов таъин намудани Абдуллозода М.М.

№15 (4755) 31.01.2024

аз 30 январи соли 2024 №33

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

Абдуллозода Муҳаммадшо Мирзохон

1аз 30 январи соли 2024 дар мансаби ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов кор мекунад

Соли таваллуд  28 декабри соли 1968         Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоби

Миллат тоҷик                                                  Таҳсилот олӣ

соли 1994 Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе(рӯзона) бо дипломи аъло, соли 2003 Академияи байналмилалии олимпӣ ва соли 2005 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимовро хатм кардааст

Ихтисос тарҷумони забони англисӣ, муаллими тарбияи ҷисмонӣ

Унвони илмӣ надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не  не

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не  Медали «Хизмати шоиста», унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1986-1994 Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе
Солҳои 2003-2005 Донишҷуи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон
Солҳои 2002-2003 Донишҷуи Академияи байналмилалии олимпӣ
Солҳои 1993-1998 Тарҷумони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Солхои 1998-2003 Сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Солҳои 2003-2005 Иҷрокунандаи вазифаи Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Солҳои 2005-2009 Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Солҳои 2009-2013 Сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Солҳои 2013-2016 Директори генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Аз соли 2017 то 2024 Котиби генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Аз 30 январи соли 2024
то ин ҷониб
Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов