Барқияи табрикӣ

№72-73 (3057-3058) 14.06.2013

Дувоздаҳуми июни соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

 

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Шумо ва дар симои Шумо мардуми дӯсти Россияро бо иди миллӣ – Рӯзи қабули Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Федератсияи Россия аз самими қалб табрик менамоям.

Тайи солҳои гузашта, пас аз ин ҳодисаи муҳим дар таърихи муосир, Федератсияи Россия дар рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими сохтори давлатдорӣ ба муваффақиятҳои калон ноил гардид.

Тоҷикистон ва Россияро робитаҳои мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба, ки бо принсипҳои шарикии стратегӣ асос ёфтаанд, бо ҳам мепайванданд.

Мо сатҳи баланди ҳамгиройиро бо Федератсияи Россия қадр менамоем ва ба таҳкими якҷояи густариши минбаъдаи чорчӯбаи робитаҳоямон, ҳам дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба омодаем.

Боварӣ дорам, ки ҷараёни баланди рушди муносибатҳои ду кишвар ҷавобгӯй ба манфиатҳои аслии халқҳоямон ва ҳам тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аст.

Муҳтарам Владимир Владимирович, ба Шумо тани сиҳат ва дар корҳои масъулиятноки давлатиатон муваффақият, инчунин ба тамоми шаҳрвандони Россия бурдборӣ ва шукуфойӣ таманно дорам».

www.prezident.tj