Барқияи ҳамдардӣ

№52 (3532) 21.04.2016

18 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Япония Синдзё Абэ барқияи ҳамдардӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам.

Дар ин лаҳзаҳои барои мардуми дӯсти Япония сангин ҳамдардии амиқи ин ҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати  табиии фоҷиабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».

www.president.tj