Барқияи табрикӣ

№51 (3688) 11.05.2017

Ҳаштуми майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Франсия Эммануэл Макрон барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли сарфарозӣ ба Шумо табрикоти самимонаи  хешро ба муносибати пирӯзиатон дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Франсия ирсол медорам.

Ҷониби Тоҷикистон сатҳу муҳтавои имрӯзаи муносибатҳои ҳамшарикиашро бо давлати  Франсия баланд арзёбӣ намуда, маҷмӯи ҳамкориҳои босамарро бо он самти муҳими сиёсати хориҷии худ медонад.

Мо ба ояндаи  равобити тарафайн бо Ҷумҳурии Франсия дидгоҳи нек дорем ва  умед менамоем, ки дар давраи сарварии Шумо муносиботи дӯстӣ ва ҳамкориҳои  гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо дар арсаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо ба марҳалаи ҷадиди тавсеаи худ ворид хоҳанд шуд.

Омодагии хешро барои саъю талошҳои муштарак дар ин ҷода иброз намуда, ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Франсия сулҳу суботи пойдор  ва ­шукуфоии рӯзафзун  таманно дорам».

 www.president.tj