Барқияи тасаллият

№97-98 (3398-3399) 23.07.2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 21 июли соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Дар Тоҷикистон хабари фоҷиабори инфиҷори мудҳишро дар шаҳри Суруҷи Ҷумҳурии Туркия, ки муҷиби қурбонӣ гаштани даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ ва захмӣ шудани теъдоди зиёди онҳо шудааст, бо андӯҳи бузург қабул намуданд. Ин амали таассуфангези ғайриинсонӣ зарурати идомаи муборизаи беамони сарҷамъонаи аҳли башарро алайҳи «вабои аср» – терроризм қотеъона таъкид менамояд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Туркия, аз ҷаноби Президент хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикони шуҳадо бирасонанд. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам».

www.president.tj