Барқияи тасаллият

№29 (3509) 03.03.2016

Якуми марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Владимир Владимирович!

Хабар дар бораи фоҷиаи кони ангишти «Северная» — и Воркутаи Ҷумҳурии Комии Федератсияи Россияро, ки дар натиҷа даҳҳо нафар ҳалок гардидаву ҷароҳат бардоштаанд, бо андуҳи амиқ дарёфтам.

Муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони ангиштканон ва наҷотдиҳандагони ҳалокшуда, инчунин таманниёти зуд шифо ёфтанро  ба осебдидагон расонед».

www.president.tj