Барқияи тасаллият

№85 (4191) 14.07.2020

13 июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Ҷомарт Тоқаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қосим-Ҷомарт Кемелевич!

Дар иртибот ба эълон кардани Рӯзи миллии ёдбуди қурбониёни пандемияи COVID-19 дар Қазоқистон бо таманниёти шифои ҳар чӣ зудтари комил ба ҳамаи гирифторони ин беморӣ ҳамдардии амиқамонро ба мардуми бародари Қазоқистон иброз медорам.

Итминон дорам, ки тадбирҳои ҷиддии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати гирифтани пеши роҳи хатари сирояти вирус андешидашуда натиҷаҳои матлуб ба бор хоҳанд овард.

Тоҷикистон вазъияти вобаста ба сирояти коронавирусро, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад, бо нигаронии амиқ пайгирӣ менамояд.

Таҳдиди афзоишёбандаи пандемияи COVID-19 моро ба таҳкими ҳар чӣ бештари ҳамдиливу дастгирии якдигар ва муттаҳид кардани талошҳо баҳри рафъи он водор месозад.

Бо истифода аз фурсат омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати расонидани кумаки имконпазир ва мусоидат, ҳамчунин, густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқис­тон таъкид менамоям».

www.president.tj