Барқияи тасаллият

№56 (4318) 27.04.2021

26 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Ҷоко Видодо барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Хабари ғарқи киштии зериобии Қувваҳои низомии баҳрии Ҷумҳурии Индонезия дар баҳри Балӣ ва талафоти зиёди ҷонӣ дар натиҷаи он моро андуҳгин намуд.

Ҳамдардии амиқи худ ва мардуми Тоҷикистонро ба мардуми дӯсти Индонезия изҳор намуда, бо арзи тасаллияти самимӣ ба наздикону пайвандони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.

Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун».