Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода

№118 (3912) 29.09.2018

44948206981_22de1116a7_o27 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд.

Аҳолии Турсунзода меҳмонони олиқадр­ро бо самимият ва меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд. Ба ин муносибат дар даромадгоҳи шаҳр — деҳоти «Қаратоғ» аз тарафи аҳли ҳунар барномаи рангин манзур гардонида шуд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) ташриф оварда, бо раванди истеҳсоли алюминий шинос гардиданд.

30009608547_5e4d6a5fd2_oЗимни шиносоӣ таъкид шуд, ки «Ширкати алюминийи тоҷик», ки ба қатори истеҳсолгарони азими ҷаҳонии алюминий шомил асту дар солҳои тӯлонӣ нуфузи худро ҳамчун ширкати аз ҳама босуръат рушдкунандаи мамлакат нигоҳ медорад, намуна ва таҷассумгари ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон шудааст.

Ба сарони давлатҳо иттилоъ доданд, ки айни замон дар ширкату корхонаҳои «ТАЛКО гурӯҳ» беш аз 13 ҳазор нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъминанд. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар бозори ҷаҳонӣ харидори зиёд дорад.

Таъкид гардид, ки КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» истеҳсоли маҳсулотро бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда, ҳамкориро бо ширкатҳои соҳибнуфузи ҷаҳонӣ тақвият бахшида истодааст.

Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки тайи ду соли охир КВД «Ширкати алюминийи тоҷик» дар заминаи сиёсати дурбинонаи сарони ду давлати ба ҳам дӯсту ҳамсоя бо бузургтарин корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамкории густурдаро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, соли равон дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ширкати алюминийи тоҷик» бо яке аз корхонаҳои тавлидотии кишвари ҳамсоя шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар асоси он ҳар сол 10 ҳазор тонна метали алюминий интиқол дода мешавад.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсоли алюминий Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марҳилаи аввали Корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон – Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТАЛКО-КРАНТАС»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар корхонаи мазкур, ки бо иқдоми бевоситаи сарони давлатҳои Тоҷикис­тон ва Ӯзбекистон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминийи тоҷик» (ТАЛКО) ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРАНТАС гурӯҳ» таъсис дода шудааст, асосан васлу насби нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ анҷом дода мешавад.

Зикр шуд, ки дар ин корхона 12 намуд крани борбардору нақлиёти боркаши махсус васлу насб мегардад ва баъди ба истифода додани марҳилаи дуюм боз васлу насби 40 намуди нақлиёти махсуси коммуналӣ ва сохтмонӣ дар назар аст. Тибқи нақша дар оянда истеҳсоли қисмҳои алоҳидаи нақлиёт низ дар корхона ба роҳ монда мешавад.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи муштаракро сарони давлатҳо — Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар самти тақвияти муносибатҳои дуҷонибаи саноатии ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя қадами устувор арзёбӣ намуданд.

Айни замон дар корхона беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Барои омода намудани мутахассисони соҳа бошад, аз ҷониби ширкати ӯзбекис­тонӣ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ду ҷониб барои таъсиси Корхонаи муштараки «ТАЛКО-КРАНТАС» дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2018 сурат гирифт, ба мувофиқа расида буданд.

27 — уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» аз наздик ошноӣ пайдо намуданд.

Сарони ду давлат бо вазъи ангурбоғи хоҷагӣ, ки дар маҷмӯъ 500 гектарро ташкил медиҳад, шинос шуда, бо кормандони он ҳамсуҳбат шуданд.

Аҳли заҳмати хоҷагии мазкур, ки имрӯзҳо ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд, то ин дам 3 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ карда, ба бозорҳои дохилу хориҷ интиқол додаанд.

Иброз гардид, ки «Боғи Сомон» яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор меравад ва кормандони он таҷрибаи бой доранд. Соли 2017 заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон» беш аз 5 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузоштанд.

Ба меҳмонони олиқадр иттилоъ доданд, ки айни замон дар заминҳои хоҷагӣ 7 намуди ангур — «Ҳусайнӣ»-и сиёҳу сафед, «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш»-и сиёҳу сафед парвариш карда мешавад. Тибқи нишондодҳо, имсол нисбат ба солҳои қаблӣ ҳосили токзор бештар аст.

Тавре маълум гашт, Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», инчунин, ба парвариши чорвои калону майда низ машғул мебошад.

Хоҷагии деҳқонии «Боғи Сомон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфтааст, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад. Барои парвариш ва нигоҳубини ангур дар хоҷагӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Соле то 500 тонна маҳсулот дар сардхонаҳои он нигоҳ дошта мешавад.

Он рӯз, ҳамчунин, бо иштироки роҳбарони ду кишвар — муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев сардхонаи нави хоҷагӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки имконияти нигоҳдории маҳсулотро боло мебарад. Акнун, дар маҷмӯъ, хоҷагӣ имконият пайдо мекунад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро захира намуда, мувофиқи талабот дар дигар фаслҳои сол ба бозорҳои мамлакат барорад.

Сохтмони сардхона се сол қабл бо иштироки Пешвои миллат оғоз гардида, бо дарназардошти талабот бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Дар иншоот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар номгӯйи маҳсулоти ғизоиро, ки аслан аз ангур омода мешаванд, тамошо намуданд.

Ҳамчунин, аҳли заҳмат навъҳои гуногуни ангурро, ки дар шаҳри Турсунзода парвариш меёбанд, ба намоиш гузоштанд.

Ба сарони давлатҳо иттилоъ дода шуд, ки аксари ин навъи маҳсулот содиротӣ буда, дар баробари таъмини бозорҳои дохилӣ, ба ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Россия содирот мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни суҳбату боздид ба кори хоҷагии мазкур баҳои баланд ва барои густариши фаъолияти минбаъда, ба роҳ мондани ҳамкориҳои нав, бахусус, бо хоҷагиҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Ватан», ки ду хоҷагии оилавиро муттаҳид мекунад, соли 2008 таъсис ёфта, дар ихтиёр 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» 18 нафар саҳмдор дорад. Дар токзори хоҷагӣ асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ»- и сиёҳу сафед, «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиш»- и сиёҳу сафед парвариш карда мешавад.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Дар хоҷагӣ, ҳамчунин, дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад. Аҳли заҳмати он дар рӯёндани ғалладонагиҳо низ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Таъкид гардид, ки қаблан дар заминҳои ин хоҷагӣ кишти гандум ба роҳ монда мешуд, вале аз сабаби норасоии об ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонистанд. Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири истифодаи пурсамари замин аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парваришкарда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш»-и сиёҳу сафед шинониданд, ки имрӯзҳо аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.

Дар токзори хоҷагӣ, ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Халқии Хитой оварда шудааст, парвариш меёбанд.

Баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаби ин мавзеъ 100 нафар сокини деҳаи Сомониёни деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни шиносоӣ бо майдонҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ки дар онҳо навъ­ҳои гуногуни ангур бо санъати баланди касбӣ парвариш меёбанд, зикр карданд, чунин маҳсулоти босифат дар бозорҳои минтақа талабгорони зиёд дорад.

Соли 2017 аҳли заҳмати хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ворид ва ба Қирғизистон, Қазоқистону Федератсияи Россия содирот кардаанд ва соли ҷорӣ беш аз 500 тонна маҳсулоти хушсифат истеҳсол намудаанд. Дар назар аст, ки боз 230 тонна ангур ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозорҳои дохилию берунӣ намоянд.

Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сардхонаи хоҷагӣ ба таҷрибаи аҳли заҳмати он баҳои баланд дода шуд. Бо мақсади захираи маҳсулот аз ҷониби саҳмдорон дар назди хоҷагӣ сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бунёд гардидааст.

Таҷҳизоти сардхона, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот мебошад, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид карда шудааст ва барои босифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ аст.

Дар хоҷагӣ, баробари ангурпарварӣ, ба ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Дар ниҳолхонаи он барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр 20 номгӯйи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш меёбад. Инчунин, аз он ҷо ба қисмҳои низомии мамлакат соле 3 — 5 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташаббуси роҳбарияти хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат»-ро намунаи ибрат арзёбӣ ва дар таъмини ғановати дастурхони аҳолии на танҳо минтақа, балки кишварҳои дур низ муҳим маънидод карданд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат», ҳамчунин, 841 сар чорвои хурд парвариш меёбад. Заминҳои чарогоҳи зимистона ва тобистонаи он 2 ҳазору 282 гектарро дар бар мегиранд.

www.president.tj