28 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» дар ноҳияи Варзоб боздид намуда, дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави ин маҷмааи варзишию сайёҳӣ иштирок намуданд.
Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» навсозию таъмир гардида, ба як мавзеи воқеан дилфиреби истироҳатию фароғатӣ ва машқу тамрингоҳи намудҳои гуногуни варзиши зимистона табдил дода шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми ин маҷмааи нодири варзишию сайёҳиро, ки аз биною иншооти дуошёнаи тарабхона, маҷлисгоҳ, нуқтаи иҷораи лавозимоти лижаронӣ, майдончаҳои дорои воситаҳои муосири дилхушкунанда барои бозиҳои зимистонаи кӯдакона, майдони бузурги бозиҳои конкию хоккей ва роҳи танобӣ иборат мебошад, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Майдони бозиҳои рӯи ях дар таърихи навини варзиши Тоҷикистон таҷрибаи нахустин буда, имконият фароҳам меорад, ки дар оянда дар мамлакат ба варзиши оммавӣ табдил дода шавад.
Дар маҷмӯъ, иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир буда, шароити қабули то 1000 нафарро дар як вақт доро мебошанд.
Дар ин маҷмаа, баъди таъмиру навсозӣ, ду роҳи танобӣ дар масофаи зиёда аз 2000 метр мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 140 адад воситаи болобарандаи одамон (бугел) доранд. Роҳҳои танобӣ бо воситаҳои муосири равшанидиҳӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои баргузории машғулиятҳои ин намуди варзиш шабонгоҳ ҳам созгор мебошанд.
Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» дар заминаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Австрия дар масофаи 2027 метр «Роҳи арғамчинии босуръати кабинавӣ» сохта, ба истифода дода шудааст, ки 32 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда (кабина) дорад ва дар ҳар кадом то 8 нафар метавонанд ҷойгир шаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони ватандӯст дар ободу зебо гардонидани ин мавзеи дорои табиати нотакрор баҳои баланд дода, аз масъулини соҳа талаб намуданд, ки барои дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доштани ин мавзеи навбунёд, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонон ва тарғибу ташвиқи намудҳои варзиши зимистона дар байни аҳолии мамлакат бештар мусоидат намоянд.
Хотиррасон бояд шуд, ки соли равон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи дуюм аст, ки аз ин мавзеи варзишию сайёҳӣ боздид ва дар расми ифтитоҳи биною иншооти нави он бевосита иштирок менамоянд.
Дар навбати аввал, дар ин маҷмаа меҳмонхонаҳои барҳавои замонавӣ, нуқтаи нигоҳдории барфгардҳо, тарабхона, марказҳои савдо ва иҷораи лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ, роҳҳои танобӣ ва мактаби махсуси кӯдакону наврасон оид ба намудҳои варзиши зимистона сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Қобили зикр аст, ки баробари фаъол гардидани кори Маҷмааи кӯҳию варзишӣ Ассотсиатсияи миллии намудҳои зимистонаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон дубора эҳё гардида, аллакай дар баргузории мусобиқаҳои ноҳиявию ҷумҳуриявӣ аз рӯи намудҳои варзиши зимистона дар ин маҷмаа саҳм гузоштааст.
Умуман, барои ба ин сатҳ расонидани «Сафед-дара» ва ба мавзеи истироҳатию фароғатӣ ва варзишӣ табдил додани он, ҷалби бештари доираи сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва муҳимтар аз ҳама, фароҳам овардани шароити созгори мусоидат ба солимии ҷомеа, тавассути ҷалби аҳолӣ ба варзиш, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» роҳи автомобилгарди Такоб-Сафед-дара ва беш аз 17 км роҳи дигари мошингарди ин мавзеъ барқарор ва навсозӣ карда шудааст.
Дар масъалаи рафтуомади хоҳишмандон, бо шумули сокинони мамлакат ва меҳмонону сайёҳони хориҷӣ, аз шоҳроҳи Душанбе-Варзоб то ба маҷмааи варзишию сайёҳӣ мушкилоте вуҷуд надошта, шумораи зарурии нақлиёти мусофиркашонӣ дар ин хатсайр сафарбар гардидааст.
Ҳамчунин, бинои хобгоҳи ҳанӯз солҳои пеш аз Истиқлолият бунёдгардида навсозӣ ва дигаргун карда шуда, ба меҳмонхонаҳои сатҳи баланди муосир ва дорои шароити замонавӣ табдил дода шудааст.
Барои таъмини доимии барқу гармӣ дар маҷмаа аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сафед-дара» зеристгоҳҳо ва муҳаррикҳои барқӣ таъмиру барқарор карда шудааст ва ба ҳама толорҳо, ҳуҷраҳои таълимию истироҳатӣ мутамарказ бо истифода аз ангиштсанг гармӣ дода мешавад.
Бо дарназардошти талабот ва дархости меҳмонону сайёҳон ва аҳолии мамлакат дар соли равон, ҳамчунин дар маҷмаа биноҳои алоҳидаи дорои толори машқу тамрини бадан, саққобозӣ ва ҳаммомҳои финию русӣ, истгоҳи нигоҳдорӣ барои 400 адад автомобил сохта, ба истифода дода, бунёди 10 хонаи алоҳидаи истиқоматӣ (коттедж) ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамзамон, бо дарназардошти макони ҷойгиршавии маҷмаа дар ин мавзеи дорои табиати нотакрор ва беҳамто сохтмони инфрасохтори зарурӣ барои ташкили истироҳату фароғати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардидааст.
Месазад гуфт, ки беҳдошти шароити истироҳату фароғати сокинони мамлакат, рушди соҳаи варзиш ва фароҳамсозии имконияту шароити арзандаи пешрафти саёҳати кӯҳию варзишӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ дар маркази сиёсати бобарори иҷтимоӣ ва таваҷҷуҳу дастгирии доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, давра ба давра инфрасохтори ин соҳаҳои муҳими ҷомеаи навин бунёду навсозӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Маҳз бо талошу дастгириҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ мавзеи кӯҳию лижаронии Сафед-дара ба як маҷмааи нотакрори истироҳатию сайёҳӣ ва варзишии муосир, инчунин ба ҷойи кори доимӣ ва манбаи даромади зиёда аз 300 нафар сокини деҳоти гирду атроф табдил ёфта, барои дӯстдорону ҳаводорони намудҳои варзиши зимистона ва саёҳати кӯҳӣ то андозае харҷи беҳударо барои сафар ба дигар кишварҳо кам менамояд ва муҳимтар аз ҳама, дар пешбурди иқтисоди сайёҳӣ, рушди варзиш ва солимии ҷомеа дар Тоҷикистон нақши созгор мегузорад.
28 декабри соли 2016 дар Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара», Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон ва варзишгарони кишвар мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавонони кишвар ва дӯстдорони варзиши зимистонаро ба муносибати пурра ба фаъолият оғоз кардани Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» самимона табрик намуда, ба соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорон барои иқдоми ватандӯстона изҳори сипос намуданд. Сипас, аз имкониятҳои бузурги сайёҳӣ, мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои нодири тиббиву муолиҷавӣ, куҳнавардиву варзишӣ ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам густариш додани варзишу сайёҳӣ ба бунёди инфрасохтори замонавии сайёҳиву варзишии мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад. Аз ҷумла, бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи сайёҳӣ Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, мақоми нави ваколатдори соҳаро таъсис диҳад, то ки масъалаҳои соҳаи сайёҳиро мустақиман ҳаллу фасл намояд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони масъули Маҷмааи варзишӣ ва истироҳатии «Сафед-дара» дастур доданд, ки дар баробари ободу зебо гардонидан ва бо шароити муосири истироҳату фароғати варзишӣ таъмин намудани маҷмаа сатҳи баланди хизматрасониро барои варзишгарону сайёҳон фароҳам созанд.
Дар робита ба масъалаи ба меъёрҳои муосир мутобиқ гардонидани инфрасохтори коммуникатсионии маҷмаа мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби маблағҳои грантӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ таҷдид ва нигоҳдорӣ кардани 14 километр роҳҳои минтақа тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки маҷмааи навбунёд дар самти дарёфту тарбияи варзишгарон ва ҷалби сайёҳону варзишгарони кишварҳои гуногун ба ин мавзеи зебо саҳми сазовори худро мегузорад. Пас аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони ҷавонон ва сокинони ноҳияи Варзоб баромад карда, ба Сарвари давлат барои талошҳои созанда, таъмини шароити мусоиди кору зиндагӣ, рушди бахши сайёҳию варзиш ва эълон кардани соли 2017 ҳамчун «Соли ҷавонон» изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
www.president.tj