Дидори нахустини сарони ду давлати ҳамсоя

№93 (3394) 11.07.2015

18923974414_cd21af5557_oНимаи дуюми рӯзи нуҳуми июли соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Уфаи Федератсияи Россия бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ, ки дидори нахустини сарони ду давлати ҳамсоя пас аз ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интихоб шудани Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай мебошад, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории судбахш баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисоду тиҷорат, энергетика ва ҳамлу нақл зоҳир гардид.

Аз заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар, ки иборат аз 80 санади дуҷониба мебошад, изҳори қаноат карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои татбиқи босамари санадҳои имзошуда мақомоти дахлдори ду кишвар бештар фаъол бошанд.

Атрофи татбиқи лоиҳаҳои судбахши минтақавӣ доир ба сохтмони роҳҳои оҳани Тоҷикистон — Афғонистон — Туркманистон, Хитой — Қирғизистон — Тоҷикистон — Афғонистон — Эрон, хатти барқи 500 киловолтаи КАСА-1000 ва лӯлаи гази Афғонистон — Тоҷикистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи зиёд ба қарордоди тиҷорати транзитии Тоҷикистон-Афғонистон — Покистон ҳам зоҳир гардид.

Ҷониби Тоҷикистон омодагии худро ба бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногун барои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо шароити имтиёзӣ таъйид кард. Тавре зикр гардид, танҳо дар соли равон барои донишҷӯёни афғон 250 бурсия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҷудо гардидааст ва солҳои оянда ин шумора боз ҳам афзун мегардад.

Ба масоили вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои дифоию амниятӣ ва дигар мақомоти дахлдори ду кишвар барои ҳифзи субот дар минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, сурат гирифт.

www.president.tj