Фармоиши Пешвои миллат дар бораи таъсиси комиссия оид ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ»

№66 (3860) 29.05.2018

kasrr-234Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 майи соли 2018 дар бораи таъсиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии боғи «Истиқлолият» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоиш ба имзо расониданд.

Дар асоси он тартиби фаъолият ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ оид ба гузаронидани озмуни кушода тасдиқ шуд. Дар тартиби зикршуда мақсад, ваколату вазифаҳои Комиссия, шарт ва талаботи озмун муқаррар гардидаанд.

Боғи «Истиқлолият» бо маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» дар қисмати марказии пойтахт, дар масоҳати 29,0 гектар, бунёд мешавад.

Акси кайҳонии ҷойгиршавии боғ аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе омода шудааст.

Тартиби гузаронидани озмун ва ҳайати Комиссияи байниидоравӣ дар сомонаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.tajsohtmon.tj) ва воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ интишор мешаванд.

Дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ ба зиммаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

Барои дастрас намудани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, то 30 сентябри соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳусейнзода, 36 ва ё почтаи электронии info@tajsohtmon.tj пешниҳод намоянд.

www.president.tj