Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№36 (3337) 11.03.2015

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 10 марти соли 2015 №137, ш. Душанбе

 Дар бораи аз вазифаи Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳасанзода Ҳ.У.

 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ҳасанзода Ҳомид Усмон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 марти соли 2015 №138, ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи Директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик» озод намудани Арабзода Н.С.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Арабзода Нуралӣ Сайвалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик» озод карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 марти соли 2015 №139, ш. Душанбе

 Дар бораи Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холмурод Раҳмон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Холмурод Раҳмон Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ РАҲМОН

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз 10 марти соли 2015 №140, ш. Душанбе

Дар бораи Директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик» таъин намудани Қурбонов И.Я.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қурбонов Исоҷон Ятимович Директори Корхонаи махсуси (казонии) давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик» таъин карда шавад.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН