Дар бораи аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани полковники гвардия Одиназода И. М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Полковники гвардия Одиназода Исматулло Маҳмадулло аз вазифаи командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 13 октябри соли 2016, №760