Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия озод намудани Сатторов И. М.

№100 (4362) 03.08.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Сатторов Имомуддин Мирзоевич бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва ҳамзамон сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 2 августи соли 2021, № 218