Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод намудани Саидзода Б. Ш.

№12 (3962) 29.01.2019

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Саидзода Бахтиёр Шамсуддин бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон озод карда шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 28 январи соли 2019, №1203