Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Холиқзода А. Ғ.

№57 (4319) 29.04.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Холиқзода Абдураҳим Ғафор директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 27 апрели соли 2021, № 165