Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин намудани Шомирзозода А. М.

№141 (4403) 18.11.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шомирзозода Аъзам Мирмамад иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                     Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 17 ноябри соли 2021, № 291