Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани подполковники гвардия Раҳимов О. Ш.

№149 (4411) 16.12.2021

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Подполковники гвардия Раҳимов Олимхон Ширинович сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 15 декабри соли 2021, № 306