Гулчанбаргузорӣ дар муҷассамаи Ислом Каримов

№146 (4096) 03.12.2019

29 ноябри соли 2019 дар шаҳри Тошкент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳошияи вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллати ӯзбек дар назди муҷассамаи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов гулчанбар гузоштанд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Тошкент Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар гулгашти меҳмонони фахрии қароргоҳи «Куксарой» ниҳол шинонданд.

www.president.tj