Ифтитоҳи ду иншоот ва оғози корҳои навсозӣ дар Комбинати орди Душанбе

№45 (3995) 23.04.2019

46733260715_d71efe2f7f_o20 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 6-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити таълимгоҳ ошно шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Муассисаи мазкур, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Иқбол Сафаров — директори генералии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» бунёд гардидааст, аз чор ошёна, таҳхона ва се бино иборат буда, бо дарназардошти стандартҳои муосири меъморӣ бунёд ёфтааст.

Бинои мазкур, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ­сохта шудааст, барои 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Он дорои 51 синф­хона ва 38 утоқи дигари ёрирасон мебошад.

Дар таълимгоҳ муосиртарин шароит барои илмомӯзӣ фароҳам аст. Дар он синфхонаҳои алоҳида барои фанҳои биология, химия, омодагии дифои ҳарбӣ ва геометрия ташкил карда шудааст. Ҳамчунин, дар мактаб утоқҳои алоҳидаи лабораторӣ бунёд ёфта, барои дар амал гузаронидани таҷрибаҳои гуногун асбобу аёнияти дарсӣ насб гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар муассиса утоқҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин аст, мавҷуд мебошанд, ки дар онҳо толибилмон ҳунарҳои дуредгарӣ, кандакорӣ, дӯхтани либос ва тарзи омода намудани ҳар гуна таомро меомӯзанд.  Ҳамчунин барои дӯстдорони санъати тасвирӣ синфхонаи алоҳидаи дарсӣ, ки дар он нозукиҳои рассомӣ омӯзонида мешавад, ташкил гардидааст. Китобхонаи электронии муассиса бо 20 компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин аст. Ҳуҷраи кории омӯзгорон низ бо компютерҳои ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст.

Барои аз бар намудани технологияи муосир синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо муосиртарин дастгоҳҳои корӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Бино дорои ошхона бо 160 ҷойи нишаст, толори варзишӣ дар масоҳати 420 метри мураббаъ бо 4 ҳуҷраи иловагӣ ва маҷлисгоҳ бо 380 ҷойи нишаст мебошад.

Дар иншоот бинои алоҳидаи тиббӣ низ мавҷуд аст, ки бо ҷиҳози зарурии кумаки аввалияи тиббӣ ва таҷҳизоти дандондармонии касбӣ таъмин гардидааст.

Корҳои сохтмон дар он якуним сол идома дошт. Дар гирду атрофи бино гулу буттаҳои ороишӣ шинонда, нишастгоҳҳо насб карда шудаанд.

Дар ҳавлии муассисаи таълимӣ ду майдони варзишии муосир дар масоҳати 540 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Майдончаҳо, ки барои бозиҳои футбол, волейбол ва варзиш пешбинӣ гардидаанд, мутобиқ ба стандартҳои муосир сохта шудаанд.

Дар ҳудуди таълимгоҳ ду адад трансформатори баландшиддати барқӣ насб гардидааст. Иншоот бо системаи гармидиҳии мутамарказонидашуда пайваст мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бинои муассиса баҳои баланд дода, иқдомҳои соҳибкорони ватаниро намунаи ибрату боиси дастгирӣ арзёбӣ карданд.

Пас аз ифтитоҳи муассиса Пешвои миллат дар толори барҳавои он бо аҳли маорифи пойтахт мулоқот намуда, хонандагону омӯзгоронро ба истифодаи самаранок аз шароити муосири илмомӯзӣ ҳидоят карданд.

Таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароит ва фароҳам овардани имкониятҳои замонавии таълим дар кишвар бунёди садҳо муассиса бо дарназардошти талаботи замон идома дорад ва то таҷлили 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмати бештари онҳо мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

46733283775_f16b0bf606_o20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри ­Душанбе  Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба корҳои навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» оғози расмӣ бахшида, бо нақшаи таҷдиди он аз наздик шинос гардиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» дар масоҳати 4 гектар қомат афрохтааст ва пас аз навсозии пурра фаъолияти он дар самти истеҳсоли орд бо насби технологияи муосир мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда мешавад.

Бо тақозои замон ва дар доираи таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи саноат ва таъмини сокинони мамлакат бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ иқдоми таҷдиду муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ ба роҳ монда шуд.

Таҷдид ва азнавсозии биноҳои мавҷудаи «Комбинати орди Душанбе» имкон медиҳад, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ва сарфаи вақт хатҳои истеҳсолӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат ба кор андохта шаванд ва барои оғози фаъолияти истеҳсолию таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ шароит фароҳам ояд.

Иттилоъ дода шуд, ки инфрасохтори мавҷуда ва ҷойгиршавии бинои «Комбинати орди Душанбе» бо дарназардошти мавҷудияти шохаҳои роҳи оҳан, дорои анбор барои захираи 32 ҳазор тонна гандум, анбор барои нигоҳдории 3,6 ҳазор тонна орд ва анбор барои нигоҳдории сабӯсу гандуми реза мебошад.

Бо васлу насби технологияи истеҳсолӣ иқтидори коркарди гандум дар «Комбинати орди Душанбе» дар як шабонарӯз ба зиёда аз 300 тонна ва дар як сол ба 110 ҳазор тонна расонида хоҳад шуд.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо лоиҳаи навсозии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Комбинати орди Душанбе» иттилоъ дода шуд, баъди пурра ба кор андохтан ва муҷаҳҳазсозии он бо технологияи муосир барои мутахассисони маҳаллӣ зиёда аз 100 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад.

Тибқи таҳлилҳо талаботи рӯзонаи шаҳри Душанбе зиёда аз 400 тонна ордро ташкил медиҳад ва тадбирҳои роҳандозишаванда дар самти истеҳсоли орд дар пойтахти мамлакат барои муътадилии арзиши маҳсулот дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ва захираи он ҳамчун маҳсулоти ниёзи аввал мусоидати фаъол хоҳад кард.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи азнавсозии корхона биноҳои он, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ, бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмиру таҷдид карда мешаванд.

Азнавсозӣ ва таҷдиди корхона барои таъминоти бозори дохилӣ бо орд, заминагузорӣ ба содироти минбаъдаи он ба кишварҳои ҳамсоя ва ҷиҳати таҳкими диверсификатсияи маҳсулоти содиршавандаи ватанӣ мусоидати фаъол менамояд.

20 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами ­Эмомалӣ дар вазъияти тантанавӣ Амфитеатри Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ифтитоҳи театри тобистона дар ин ҷо, ки ба таҷлили Рӯзи пойтахт рост омад, туҳфаи арзишманди роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти фарҳангиро дар боғи фарҳангу фароғатӣ муҳим ва саривақтӣ хонда, масъулинро барои истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида ва ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ дастур доданд.

Амфитеатр дорои 1500 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон, аз ҷумла, дар ошёнаи якум нуқтаи чиптафурӯшӣ, утоқҳои маъмурияти боғ ва ғайра, дар ошёнаи дуюм, ҳуҷраи ороишдиҳӣ ва дигар ҳуҷраҳои техникӣ мебошад.

Дар корҳои сохтмонии амфитеатр, ки моҳи июли соли 2018 оғоз шуд, беш аз 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бинои иншооти мазкур, ки пурра бо сангҳои маҳаллӣ ороиш дода шудааст, аз санъати баланди миллию меъморӣ дарак медиҳад.

Театри тобистона аз лиҳози бехатарӣ низ ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Дар гӯшаву канори он камераҳои назоратӣ насб карда шудааст.

Масоҳати умумии Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ» 30 гектарро ташкил медиҳад.

Боғи мазкур соли 2018 дар доираи иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат пурра навсозӣ гардид ва дар он атраксионҳои замонавӣ, майдончаҳои муосири варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ бунёд карда шуд.

Баъди шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар театри тобистона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо бо сокинону меҳмонони пойтахт мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Президенти мамлакат ифтитоҳи боз як иншооти фарҳангиро барои сокинони пойтахт муборак гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳри Душанбе ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 4 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки дар бештари онҳо корҳои сохтмонӣ ҷараён дорад.

Сипас, ба муносибати ифтитоҳи амфитеатри нав аз ҷониби аҳли ҳунару фарҳанги мамлакат барномаи рангини консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд, ки саршор аз меҳру муҳаб­бат ба Ватан буд.

www.president.tj