15 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат бинои нави Хонаи ақди никоҳро, ки «Қасри бахт» номгузорӣ гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат иншооти навро аз назар гузаронида, бо кормандони «Қасри бахт» суҳбати самимӣ намуданд.
Дар бино барои гузаронидани маросими ба расмиёт даровардани ақди никоҳи навхонадорон шароити зарурӣ фароҳам гардида, мушкилоти чандсолаи кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе яъне, надоштани ҷойи мувофиқу муносиби корӣ, пурра ҳал гардид.
«Қасри бахт» аз се ошёна иборат буда, қабати аввали он аз роҳравҳои барҳавою замонавӣ, ки бо роҳаткурсиву дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, муҷаҳҳаз мебошад. Дар он толори ақди никоҳи миллӣ ва толори ақди никоҳи аврупоӣ бунёд гардида, навхонадорон мувофиқ ба завқу хоҳиш метавонанд никоҳашонро дар онҳо ба расмиёт дароранд. Ҳар толор дар як вақт барои 70 нафар хизмат расонида метавонад.
Роҳрав ва сақфу деворҳои иншооти нав бо санъати миллии меъморӣ рангу оро ёфта, ҳунармандони маҳаллӣ бо усули оинабандиву гаҷкорӣ тавонистанд ба дохили бино ҳусни нотакрор зам намоянд.
Дар ошёнаи дуюми Хонаи ақди никоҳ чор ҳуҷраи корӣ ва дар ошёнаи сеюми он 15 ҳуҷраи дигари корӣ бунёд гардида, онҳо бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардидаанд.
Ду толори барҳавои дигар низ дар дохили бино барои гузаронидани ҷаласаву чорабиниҳо муҷаҳҳаз гардидаанд. Ба хотири нигоҳубини дурусти ҳуҷҷатҳои шаҳрвандоне, ки аз қайди никоҳи давлатӣ мегузаранд, дар дохили бинои нав бойгонии алоҳида сохта шудааст. Ҳамчунин, системаи муосири таъмини гармӣ ва ҳавои сард насб гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имкониятҳои иншооти нав баҳои баланд дода, кормандони бахшро вазифадор намуданд, ки бо роҳандозии хизматрасонии саривақтӣ, одобу муоширати намунавӣ бо шаҳрвандон, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.
Бинои нави Хонаи ақди никоҳ дар яке аз мавзеъҳои сарсабзу хуррам – дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе бунёд ёфта, намои берунаи он низ бо сабку услуби хоси меъморӣ рангу оро ёфтааст. Дар саҳни иншоот чор адад фаввора ва ду суҳбаткадаи замонавӣ бунёд шудааст. Ҳамчунин, он мавзеъро гулу бутта ва дарахтони ороишӣ зебу зинат медиҳанд.
Хонаи ақди никоҳ дар доираи нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар Рӯзи байналмилалии оила мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хонаи ақди никоҳ дар маросими хонадоршавии даҳ ҷуфти ҷавон, ки аксари онҳо ятим мебошанд, иштирок карда, ба онҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаи пулӣ ҳадя намуда, онҳоро бо рӯйдоди муҳими ҳаёташон табрику таҳният гуфтанд.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба навхонадорон ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаҳои ҷомашӯиву дарздӯзӣ, телевизор, қолин ва дигар ашёе, ки барои зиндагӣ зарур аст, тақдим намуданд.
Зимни суҳбати самимӣ бо навхонадорон Пешвои миллат таъкид доштанд, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба оилаву оиладорӣ, хусусан устувории оилаҳои ҷавон, ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, тадбирҳои мушаххасро амалӣ намудааст. Талош карда мешавад, ки сатҳи ҷудошавии оилаҳо коҳиш ёфта, сабабҳои он бартараф гарданд.
Зимнан, навхонадорон ба Роҳбари давлат барои ғамхории падаронаашон нисбат ба ятимон изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд бо барпо кардани зиндагии намунавӣ дар пойдориву солимии оилаҳо саҳмгузор бошанд.
15 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои нави Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар саҳни иншооти зебою замонавӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғоз бахшида шуд.
Бинои нави меҳмонхонаи «Истиқлол» аз таҳхона ва 6 ошёна иборат буда, 60 ҳуҷра, аз ҷумла 4 ҳуҷраи бошукӯҳ бо хизматрасонии баланд, дорад. Он тибқи нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҳисоби маблағҳои даромади Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» дар муддати ду сол бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати меъмории миллӣ бунёд шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои бунёди бинои нави муосири хизматрасонӣ дар шаҳри Душанбе изҳори сипос намуда, иқдомро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти замонавӣ дар шаҳри Душанбе агар аз як тараф, 15 нафар ба кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида бошанд, аз ҷониби дигар, инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал шуда, ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ шароити арзанда фароҳам оварда шуд.
Меҳмонхона, ҳамчунин, дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он барои меҳмонон се вақт хӯроки гарм пешниҳод мегардад. Инчунин, имкон аст, ки дар як вақт ба 50 нафар мизоҷ хизмат расонида шавад. Он бо тамоми таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, хизматрасонӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Илова бар ин, мавзеи хушбоду ҳаво ва фазои ором аз бартариҳои асосиест, ки таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳони хориҷиро ҷалб мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти шаҳри Душанбе дар самти фароҳам овардани шароити арзандаи истироҳату фароғат ва хизматрасонӣ, хусусан бунёди меҳмонхонаҳо изҳори қаноатмандӣ карда, масъулонро барои истифодаи босамару оқилона аз онҳо ва хизматрасонии сатҳи баланд ба сайёҳони дохилию хориҷӣ вазифадор карданд.
Мавриди зикр аст, ки бинои асосии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» аз 9 ошёна ва 64 ҳуҷра иборат буда, 8 ҳуҷраи он бошукӯҳ ва дорои хизматрасонии баланд мебошад ва солҳост, ки ба меҳмонони дохилию сайёҳони хориҷӣ хидмат мерасонад.
Маҷмӯан, дар ду бинои меҳмонхонаи «Истиқлол» 76 нафар кору фаъолият менамоянд ва дар мавриди зиёд шудани шумораи мизоҷон ва расонидани хизмат ба онҳо боз 25-30 нафари дигар ба кор ҷалб хоҳанд шуд. Дар ҳудуди меҳмонхона майдончаи муосири варзишӣ, тарабхона, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳи нақлиёт мавҷуд аст. Масоҳати умумии Муассисаи давлатии меҳмонхонаи «Истиқлол» қариб 5 гектар буда, саҳн ва атрофи он бо гулу буттаҳои ороишии рангоранг, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю ҳамешасабз оро ёфтааст. Шабона намои берунаи бинои меҳмонхона чароғон шуда, зебою назаррабо мегардад.
15 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё — Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи нави истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар асоси дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 0,7 гектар сохта, ба истифода дода шудааст.
Самти фаъолияти ҶДММ «Ориё — Медикал» ба истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ, аз ҷумла системаи истифодааш якдафъаина барои гузаронидани маҳлулҳо, ниқоби муҳофизатии яккарата, оинаи гинекологӣ, сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), сӯзандору (шпритс) бо андозаҳои гуногун ва маҳлули антисептикӣ равона гардида, дар миқёси мамлакат ягона дониста мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии корхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой, Япония, Полша ва дигар давлатҳо ворид карда шудаанд. Бо мақсади роҳандозии тавлиди маҳсулот дар асоси меъёрҳои ҷаҳонӣ кормандони корхона нозукиҳои кор бо хатҳои истеҳсолиро дар Ҷумҳурии Халқии Хитой омӯхтаанд.
Истеҳсолоти корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 138 ҳазор дона системаи истифодааш якдафъаина 273 ҳазор дона ниқоби муҳофизатии яккарата, 11 ҳазор дона оинаи гинекологӣ, 13 ҳазор дона маҳлули антисептикӣ, 400 ҳазор сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 41 ҳазор дона сӯзани дохиливаридӣ (бабочка) мебошад.
Ба иттилои масъулон, дар як сол имкон аст, ки дар корхона 50 миллион адад системаи истифодааш якдафъаина барои гузаронидани маҳлулҳо, 100 миллион адад ниқоби муҳофизатии яккарата, 15 миллион адад сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), 3,5 миллион адад оинаи гинекологӣ, 150 миллион адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 5 миллион адад маҳлули антисептикӣ истеҳсол карда шавад. Корхона имкон дорад, ки дар оянда истеҳсоли сӯзандору бо андозаҳои гунонунро ба 300 миллион адад расонад.
Ба фаъолият оғоз намудани ҶДММ «Ориё — Медикал» имкон медиҳад, ки воридоти ин навъи маҳсулоти тиббӣ аз хориҷ ба мамлакат коҳиш ва талаботи аҳолӣ бо чунин маҳсулот аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ пурра таъмин карда шавад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё — Медикал» 200 нафар шаҳрванди мамлакат, ки аксарашон бонувон мебошанд, дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
ҶДММ «Ориё – Медикал» дорои 4 майдончаи истеҳсолӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон, майдони васлкунӣ, инчунин, анборҳои маҳсулоти хом ва тайёр мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хуби корӣ барои занону бонувони мамлакат дар корхонаи нави истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ баҳои баланд доданд.
Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи муосири истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити феълии ҷаҳон, ки норасоии ингуна маҳсулот дар бархе аз давлатҳо аллакай ба мушоҳида мерасад, хеле бамаврид мебошад.
Маҳсулоти тайёри корхона баъди пурра бандубаст шудан ба ҳуҷраи безараргардонӣ дохил ва дар муддати 8 соат бо оксиди этилен безарар гардонида мешавад.
Майдончаи безараргардонии корхона аз 2 таҷҳизот, аз ҷумла камераи махсуси безараргардонии дорои иқтидори 18 метри мукааб, компютерҳои назоратӣ ва технологияҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ иборат мебошад.
Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни фаъолияти майдончаи безараргардонии корхона иттилоъ дода шуд, ки пас аз ин марҳила маҳсулот ба муддати 5 — 10 рӯз дар анборҳо нигоҳдорӣ ва бо дастрас кардани хулосаи мақомоти дахлдори давлатӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Корхона, дар маҷмӯъ, дорои се анбор, аз ҷумла анбори ашёи хом ва анбори маҳсулоти тайёр мебошад. Анборҳои нигоҳдории маҳсулоти корхона дар асоси талаботи мавҷудаи ҷаҳонӣ ҷиҳозонида шуда, бо гигрометр ва психфометр муҷаҳҳаз карда шудаанд.
ҶДММ «Ориё — Медикал» сеюмин корхонаи истеҳсолӣ дар миқёси мамлакат мебошад, ки бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар чанд соли охир сохта, ба истифода дода мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ва шароити муҳайёгардида барои кормандон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё — Медикал», иқдоми соҳибкори ватаниро дар самти роҳандозии маҳсулоти ивазкунандаи воридот шоёни таҳсин хонда, ба масъулон барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкорона дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
www.president.tj