Ифтитоҳи Маркази миллии тестӣ ва мулоқот бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар

№160 (3145) 25.12.2013

ТЕСТ

Бистуми декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) ифтитоҳ ёфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори ММТ бевосита шинос шуда, бо роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ва ректорҳои муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуда, масоили мубориза бо фасод ва дигар амалҳои номатлубро дар ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба қисмати шимолии хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе ташриф оварда, бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ»-ро, ки дар рӯ ба рӯйи Боғи фарҳангу фароғати Айнӣ қарор дорад, ифтитоҳ намуд.

Тавре зикр гардид, ин бинои сеошёна, ки аз ду қисмат иборат аст, бо харҷи беш аз 8 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ бунёд ёфта, бо навтарин техникаю таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Ҳадафи асосӣ аз таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» бо идораи марказӣ ва шуъбаҳои минтақавияш холисона, одилона ва таври шаффоф ба роҳ мондани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аст. Барои расидан ба ин ҳадаф ва иҷрои босифати вазифаҳои дар назди ин муассиса гузошта бинои марказӣ ва бахшҳои минтақавии он бо навтарин техникаю таҷҳизот муҷаҳҳаз шудаанд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ вобаста ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воридшавӣ ба бинои ММТ тариқи корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳуҷраҳо ва роҳравҳои асосӣ 74 камера насб шудааст, ки тавассути онҳо тамоми раванди фаъолияти ММТ таҳти назорат қарор дода мешавад.

ММТ ҳамчунин соҳиби ду мошини махсуси хизматӣ аст, ки барои ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳо ва бурдану овардани маводи имтиҳонӣ пешбинӣ шудаанд.

Дар давоми фаъолияти худ ММТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ (Бонки Умумиҷаҳонӣ, Шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон, Барномаи ҳамкории рушди таҳсилоти Федератсияи Россия) кори зиёдеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла:

- сохтори ташкилии ММТ муайян шуда, 60 нафар кадрҳои баландихтисос тавассути озмун ба кор ҷалб шуданд, ки бисёрии онҳо дар курсҳои махсус бозомӯзӣ намудаанд;

- модели низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид ва аз ҷониби Вазорати маориф ва илм дастгирӣ ёфт;

- пойгоҳи ягонаи маводи имтиҳонӣ (саволномаҳои тестӣ аз фанҳои таълимӣ) таҳия карда шуд;

- низоми нави имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 7115 нафар хонандагони синфҳои 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 45 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар амал озмуда шуд.

Сохтори ММТ аз раёсат, 11 шуъба, як бахш ва чор шуъбаи минтақавӣ (дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ) иборат аст.

Аз соли 2014 сар карда, имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таври мутамарказ дар шуъбаҳои минтақавии ММТ тестӣ бо истифода аз навтарин техникаю таҷҳизот ва бе дахолати шахсони манфиатдор ба роҳ монда мешавад. Низоми нави имтиҳонсупорӣ тавре таҳия гардидааст, ки тамоми имконоти дахолати беруна ва тақаллуб аз миён бардошта шудааст. Ҷараёни имтиҳонсупорӣ, санҷиши натиҷаҳо, ҷамъбаст ва баҳогузорӣ аз ҷониби барномаҳои компютерӣ бе дахолати инсон анҷом дода мешавад. Шахсони масъули назораткунанда низ ба ягон довталаб кӯмак расонида наметавонанд, зеро дар варақаҳои имтиҳонӣ ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад. Ба ҷойи ному насаб танҳо штрихкод навишта мешавад ва ба кӣ тааллуқ доштани варақаи имтиҳонӣ танҳо пас аз баҳогузорӣ ошкор мешавад.

Тибқи қоидаҳои низоми нав ҳар як довталаб ҳангоми аз қайд гузаштан метавонад 10 ихтисоси ба ҳам наздик ё 10 ихтисоси соҳаҳои ба ҳам наздикро дар муассисаҳои гуногуни таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунад. Тавре иттилоъ доданд, зиёда аз 400 ихтисоси мавҷуда ба 5 гурӯҳ тақсим шудаанд ва 10 ихтисосе, ки довталаб итихоб мекунад, бояд аз доираи як гурӯҳи ихтисосҳо бошад. Пас аз маълум шудани натиҷаҳои имтиҳон довталаб агар холҳои кофӣ гирифта бошад, мувофиқи шумораи холҳояш ба яке аз мактабҳои олӣ ва ихтисосҳои интихобкардааш қабул карда мешавад.

Маводи имтиҳонӣ, аз ҷумла саволномаҳо, дар ММТ таҳия гардида, дар ҳамин ҷо чоп мешаванд ва дар халтаҳо ва сандуқҳои махсуси бо пломбаи истифодаи яккарата баста, бо мошинҳои махсуси муҳофизатшаванда ба марказҳои имтиҳонӣ дастрас мегарданд.

Пас аз ҷамъоварии ҷавобҳои довталабон маводи имтиҳонӣ боз ба ҳамин тартиб баргардонида шуда, дар ММТ мавриди коркард қарор мегиранд.

Ҷавоби натиҷаи имтиҳонҳо ба довталабон тавассути сомонаи интернетии ММТ, марказҳои минтақавии он ва ба суроғаҳои шахсии довталаб тавассути почтаи электронӣ, паёмаки SMS ва дигар воситаҳо расонда мешавад.

Афзалияти дигар ва бисёр муҳими ин низом дар он аст, ки довталабон бо харҷи маблағи зиёд ба пойтахт ё дигар шаҳрҳо нарафта, метавонанд дар марказҳои ба маҳалли зисташон наздик имтиҳон супоранд. Интихоби макони имтиҳонсупорӣ ҳам барои довталабон ихтиёрӣ аст. То кунун дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Рашт ва Бобоҷон Ғафуров 20 маркази бақайдгирии довталабон ва 52 маркази имтиҳонӣ омода шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбатҳо ва ҳам ҳангоми суханронӣ, ки дар ҳузури роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сурат гирифт, ба фаъолият шурӯъ намудани ММТ ва низоми нави қабули имтиҳоноти дохилшавиро «қадами муҳим дар ислоҳоти соҳаи маориф» номида, таъкид дошт, ки «минбаъд бояд тамоми намуди имтиҳонҳо дар ҳама муассисаҳои таълимӣ таври электронӣ ва шаффофу одилона ба роҳ монда шавад».

Ба Вазорати маориф ва илм ва Кумитаи телевизион ва радио супориш дода шуд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа корҳои фаҳмондадиҳии низоми нави имтиҳонсупориро барои довталабони оянда васеъ ба роҳ монанд, то ин ки онҳо бохабар бошанд ва мутаносибан омода шаванд.

Ба Вазорати маориф ва илм ҳамчунин дастур дода шуд, ки раванди бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси муаллимонро барои бо низоми нави таълиму тарбия ва қабули имтиҳонҳо кор кардан ба роҳ монад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки низоми нави муосир, ки аз таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ гирифта шудааст, «ба сифати қабули донишҷӯён ва интихобу тарбияи мутахассисони боистеъдод таъсири мусбӣ мерасонад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ ҳамчунин доир ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пурзӯр намудани тартибу интизом ва пешгирӣ аз фасоду тақаллуб ҳангоми қабули имтиҳону санҷишҳо ва мубориза бо ҳама гуна амалҳои номатлуб супоришҳои мушаххас дод.

www.president.tj