Иштирок дар Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт»

№121 (3267) 16.10.2014

DSC_0057

15 октябри соли 2014 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ – муҳаррики иқтисодиёт» баргузор шуд.

Дар форуми мазкур беш аз 500 нафар соҳибкорону сармоягузорони ватанию бурунмарзӣ, намояндагони як қатор созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Бонки Исломии Рушд, Бонки Осиёии Рушд, намояндагони дипломатии кишварҳои ҷаҳон, олимону коршиносони варзида, корхонаю ҷамъиятҳои хоҷагидори пуриқтидор ва роҳбарони мақомоти масъули давлатӣ иштирок намуданд.

Дар оғози форум Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории «Душанбе-2014: Соҳибкорӣ — муҳаррики иқтисодиёт» хайра мақдам гуфта, изҳори боварӣ кард, ки ин ҳамоиши муҳим натиҷаҳои судбахш хоҳад дошт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузории форумро, ки намояндагони Ҳукумати мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои коршиносон, сармоягузорону соҳибкоронро аз кишварҳои ҷаҳон ва аҳли тиҷорату соҳибкорони ватаниро ба ҳам гирд овард, дар ҳаёти иқтисодии Тоҷикистон рӯйдоди ниҳоят муҳим арзёбӣ намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз нақши назарраси бахши хусусӣ, ки саҳми он дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2013 зиёда аз 63 фоизро ташкил додааст, ёдовар шуда, зикр намуд, ки имрӯз бахши хусусӣ аз имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, дар ободонӣ, рушди иқтисоди Тоҷикистон ва баланд бардоштани некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ саҳми босазо дорад.

Дар натиҷаи амалӣ намудани ислоҳоти фарогир нишондиҳандаҳои кишвар дар гузориши ҳарсолаи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат» хеле беҳтар гардида, дар солҳои 2010 ва 2011 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори даҳ кишвари ислоҳотгар шомил шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори боварӣ зикр намуд, ки дар Тоҷикистон шароити зарурӣ ва фазои муносиби пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фароҳам оварда шуда, барои дастгирӣ ва рушди бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва сода гардонидани қоидаҳо вобаста ба танзими фаъолияти соҳибкорӣ тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ, ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мегарданд, корҳои назаррас анҷом дода шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба имкониятҳои воқеӣ ва захиравии таъминкунандаи рушди устувор, аз қабили захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ва оби тоза, захираҳои зеризаминӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ибрози назар намуда, таҳким бахшидани ҳамкории мутақобилан судмандро дар самтҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, туризм ва нақлиёту коммуникатсия мувофиқи мақсад номид.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистон дорои имкони истеҳсоли 527 млрд./квт.соат неруи барқ дар як сол буда, ҳоло ҳамагӣ шаш фоизи ин иқтидор аз худ карда шудааст. Таъкид гардид, ки таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвари мо, алалхусус бахшҳои саноат ба истифодаи босамари иқтидорҳои гидроэнергетикӣ вобаста аст. «Гузашта аз ин, — изҳор дошт Сарвари давлат,- Тоҷикистон бо истифода аз ин иқтидор имкон дорад, ки дар таъмини кишварҳои рӯ ба рушди ҳамсоя бо неруи барқ ҳам саҳми намоён дошта бошад.».

Вобаста ба масъалаи такмили сохтории иқтисодиёт ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, ҳамчунин ба шароити имрӯза мутобиқ гардонидани фаъолияти иншооти саноатии мавҷуда тариқи ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи технологияҳои муосир зикр гардид, ки барои ҷалби сармоя барои коркарди маъданҳои кӯҳӣ имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 600 кони захираҳои табиии маъданӣ ва ғайримаъданӣ муайян, кашф ва барои аз худ намудан омода карда шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи навъҳои сангҳои қиматбаҳо, металлҳо ва ашёи заруриро доро буда, истихроҷ ва коркарди онҳо низ арсаи ҳамкории судманди иқтисодӣ аст.

Таваҷҷуҳи ҳозирин ба лоиҳаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, туризм, аз ҷумла туризми кӯҳӣ, саноати кимиё ва тиб, истеҳсоли доруворӣ ва парвариши номгӯйи васеи сабзавоту меваҳо чун самтҳои ояндадори иқтисоди Тоҷикистон ҷалб карда шуд.

Оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки дар онҳо барои фаъолияти васеи иқтисодӣ, молиявӣ, тиҷоратӣ, иттилоотию хизматрасонӣ ва ғайра шароити созгору имтиёзнок фароҳам оварда шудааст. Барои фаъолияти бемонеа ва самарабахши соҳибкорону сармоягузорон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ маҷмӯан зиёда аз 40 намуди кафолатҳо ва имтиёзҳо, аз ҷумла вобаста ба андозсупорӣ ва амалиётҳои гумрукӣ муайян шудаанд. Таъкид гардид, ки қонунгузории Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт — бахшҳои энергетикию истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди пурраи алюминий, пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ имтиёзҳои махсуси иловагӣ ҳам муайян намудааст.

Дар фарҷоми суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуд, ки натиҷаҳои кори форум ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон такони тоза хоҳад бахшид.

Дар ифтитоҳи форум ҳамчунин директори минтақавии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Масару Хонма, Намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Си Си Ю, роҳбари Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО-и «Сангтӯда-1» Павел Лавров, раиси Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Хитой Чен Ин Сян ва директори кулли Ширкати «Шиевер Тоҷикистон» Фредерик Лоб суханронӣ намуданд.

Дар фароварди қисмати ифтитоҳӣ зикр гардид, ки форуми мазкур дар ҷаласаи пленарии «Тоҷикистон-стратегияи рушди соҳибкорӣ, сармоягузорӣ ва тиҷорат» ва панҷ бахши алоҳидаи дигар бо мавзӯъҳои умумии «Рушди низоми устувори молиявӣ», «Сармоягузориҳо ба бахши энергетика», «Рушди соҳаҳои саноат ва хизматрасонӣ тавассути соҳибкорӣ», «Сармоягузориҳо ба коммуникатсияҳои нақлиётӣ» ва «Имкониятҳо ва бартариятҳои рақобатии соҳаи агробизнес» идома меёбад.

www.president.tj