Иштирок дар Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон

№94 (3395) 13.07.2015

19632582716_1b3fbf0b68_oСенздаҳуми июли соли 2015 дар Маҷмаи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди Форуми кишоварзии Тоҷикистону Ҳиндустон баргузор гардид.

Дар форуми мазкур намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, коршиносони марказҳо ва созмонҳои тадқиқотӣ, ширкатҳои хусусӣ ва соҳибкорони бонуфуз иштирок дошта, интизор меравад дар рафти форум миёни онҳо созишномаҳое ҳосил мегарданд, ки мавриди иҷрои амалии ҳар ду ҷониб қарор хоҳанд гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ин форум таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду кишвар имкониятҳои васеи иқтисодӣ дорад. Ҳоло дар Тоҷикистон тарҳу лоиҳаҳо ба маблағи ҳафтуним миллиард доллари амрикоӣ амалӣ шуда, қонунгузории кишвар зиёда аз чил номгӯи кафолату имтиёзҳоро дар иртибот ба андозбандӣ ва фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст.

- Шароити мусоиди иқлим ва табиати мамлакат, ки дорои офтобу оби фаровон, инчунин водиҳои ҳосилхез барои парвариши меваю сабзавот ва маҳсулоти босифат мебошад, барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ имконияти ҳамаҷониба фароҳам овардааст, — тазаккур дод Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Бо назардошти ин, аз тоҷирону соҳибкорони ҳиндӣ даъват шуд, ки ҳамкориҳоро бо шарикони тоҷики худ тақвият дода, лоиҳаҳои муштараки манфиатовари сармоягузориро дар Тоҷикистон татбиқ намоянд.

Президенти кишвар аз густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҳиндустон дар арсаҳои гуногун изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки ба ҷаҳониён маълум аст, ки пайвандҳои ду кишвари мо бар қаробати таърихӣ ва фарҳангии мардумони куҳанбунёд ва арзишҳои оламшумуле, ки аз баҳри беканори одоби мондагор, фалсафаи инсондӯстӣ ва ҷаҳонбинии ростину фарохи аҷдоди мо маншаъ мегиранд, асос меёбад.

Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди низ ҳангоми суханронӣ ба густариши муносиботи ҳасанаи ҳар ду кишвар таъкид намуда, омодагии ҷониби Ҳиндустонро дар тавсияи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории соҳибкорони ҳиндӣ дар бахшҳои гуногун, бахусус кишоварзӣ, иброз намуд.

Дар ҷараёни форум Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон китоби тозанашри олими тоҷик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон»-ро, ки ба тозагӣ бо забони ҳиндӣ нашр шудааст, тақдим намуд.

 www.president.tj