Иштирок дар интихобот

№30 (3331) 02.03.2015

президнет1

Якуми марти соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ба участкаи интихоботии рақами 15-и ҳавзаи интихоботии рақами 2-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, ба ҷонибдории ҳизб ва номзадҳои интихобнамудаи худ овоз дод.

Ташрифи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба участкаи интихоботии мазкур ва овоздиҳии ӯ дар ҳузури нозирони сершумори байналмилалӣ ва намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои сиёсию ҷамъиятӣ ҷараён гирифт.

Тавре аён гардид, дар интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ сокинони маҳаллаи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, ки участкаи рақами 15 дар он қарор дорад, чун ҳамаи мардуми кишвар басо фаъоланд.

Иштироки васеи мардум дар интихобот аз фаъол будан дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз сатҳи баланди донишу маърифат ва ҳисси масъулиятшиносии онҳо ва ҳамчунин аз ҷонибдории сокинон аз фазои сулҳу осоиш ва суботу эътидоли иҷтимоию иқтисодӣ ва рушди фарҳангии ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

www.president.tj

 ***

Инти

Дар маъракаи интихоботии вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров иштирок намуданд.

DSC_1448

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар участкаи интихоботии рақами 15-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар участкаи  интихоботии №25-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт омада, раъйи худро доданд.