Иштирок дар тантанаҳои идона ба муносибати таҷлили 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№113 (3098) 12.09.2013

Шоми рӯзи нуҳуми сентябри соли 2013 дар Наврӯзгоҳи пойтахт ба муносибати таҷлили 22-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тантанаҳои бошукӯҳи идона баргузор гардид.

IMG_0043

Тантанаҳо бо ворид шудани Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ ба минбари Наврӯзгоҳи ба ин муносибат оростаи пойтахт оғоз ёфт.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии табрикӣ бори дигар ба ифтихори ин ҷашни бисёр фархундаву бузург — Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони пойтахт ва кулли мардуми кишварро табрику таҳният гуфта, чунин таъкид дошт: «Ин сана барои мо – тоҷикон рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ мебошад».

Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуд: «Муҳимтар аз ҳама, истиқлолият барои мо далели возеҳу бебаҳси пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувияти миллӣ, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми шарафманди Тоҷикистон бори дигар даъват намуд, ки бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо барои вусъат додани корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободгарӣ ва барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат пайваста ҷаҳду талош намоянд.

Сипас тантанаҳои идонаи шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 22-юми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо барномаи бошукӯҳи фарҳангии устодони санъат ва ҳунармандони наврасу ҷавони ояндадор идома ёфт.

www.president.tj