Иштирок дар тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон

№80 (3065) 29.06.2013

IMG_0250

Бегоҳии рӯзи 27 июни соли 2013 дар Наврӯзгоҳи ҷумҳуриявӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои бошукӯҳи Рӯзи Ваҳдати миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бори дигар мардуми ҷамъомада ва кулли сокинони Тоҷикистонро бо солгарди шонздаҳуми ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, ҳамагонро ба посдори арзишҳои волои ваҳдату ягонагӣ, сулҳу осоиш, оромию субот ва пешрафту шукуфоии «Тоҷикистони азиз ҳидоят намуд. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла чунин зикр гардид: «Бо ёдоварӣ аз рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ва вазнинию душвориҳои касношуниди расидан ба сулҳу созиш, мо ҳаққу ҳуқуқи инсонӣ ва маънавӣ надорем, ки он рӯзҳои сахту мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ, ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор фарзандони Ватан, бепадар мондани ҳазорон ҳазор кӯдакон, бефарзанду бесаробон мондани теъдоди бузурги занон, харобу валангор гардидани садҳо ҳазор биноҳо, хонаҳои истиқоматӣ, беморхонаву дармонгоҳҳо, мактабу кӯдакистонҳо, роҳу пулҳо ва қабристонҳои ҳамватанони ғарибамонро дар кишвари ҳамсоя аз хотир фаромӯш намоем. Сабақҳои ҷанги шаҳрвандӣ чун зангӯлаи таърих моро ба ҳушёрӣ даъват менамоянд ва водор месозанд, ки ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар саросари кишвар ҳамеша ҳифз ва чун гавҳари қиматбаҳо эхтиёт намоем».

Тантанаҳои бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ бо барномаи театрикунонидаи саршор аз саҳнаҳои арҷгузорӣ ба фазои сулҳу осоиши Ватани азиз ва базму тарабу дилхушӣ идома ёфт.

www.prezident.tj