Иштироки Пешвои миллат дар паради ҳарбӣ

№108 (4214) 05.09.2020

50300616416_2b2db153ed_o3 сентябри соли 2020 дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба муносибати 25 — солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.

Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.

Баъди иҷрои Суруди миллӣ аз ҷониби афсарону сарбозон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиён суханронӣ намуда, оид ба комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ, рушду камоли артиш ва пуриқтидор гардидани Гвардияи миллӣ изҳори андеша карда, афсарону сарбозонро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ — 29 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 25 — солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Сипас, ба муносибати солгарди 25 — уми таъсисёбии Гвардияи миллӣ паради низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид. Дар он шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони Хадамоти махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ иштирок намуданд.

www.president.tj