Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти мардум дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

51439544500_3f243a0a2a_oСуханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози роҳпаймоии осоиштаи сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 2021

Муҳтарам сокинони шарафманди пойтахт!

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ҳар як шаҳрванди кишвар ҷашни муқаддас, бузург ва воқеан, таърихӣ мебошад, самимона табрику таҳният мегӯям.

Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба дастоварди бузургтарини таърихи навини худ – Истиқлолияти давлатӣ ноил гардиданд.

Ҳарчанд ки сӣ сол дар муқоиса бо таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик ва анъанаҳои давлатдории он муддати чандон тӯлонӣ нест, вале дар сарнавишти мардуми мо ин давра як марҳалаи озмоиши ҷиддии таърих ва солҳои ҳассоси ҳимояи ҳастии худ, таъмини сулҳу субот ва бунёди давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Яъне, Истиқлолияти давлатӣ дар сарнавишти мардуми мо тағйиру таҳаввули куллӣ ва дигаргунии бунёдӣ ба вуҷуд овард.

Аз ин рӯ, ин сисола бо ҳама дастоварду пешрафтҳои давлати миллиамон, ки мо ба онҳо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи мардуми шарифи кишвар ноил шудем, дар ҳақиқат, арзиши садсолаҳоро дорад. Зеро ҳар соли Истиқлолияти давлатии мо ҳам аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, бо даҳсолаҳо баробар аст.

Вобаста ба ин, мехоҳам хотирнишон созам, ки таҷлили санаи ба Истиқлолияти давлатӣ расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии одии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз сарнавишт ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза бо дирӯз ва тарҳрезӣ намудани дурнамо барои фардои халқи азизамон мебошад.

Дастоварди бузургтарини мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо ба ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидем. Бинобар ин, қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем.

Ба шарофати сулҳу суботи сартосарӣ дар тамоми қаламрави кишвар раванди ободониву бунёдкорӣ ­вусъати бесобиқа пайдо карда, танҳо дар се соли охир дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 25 ҳазор иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шуд, ки дар онҳо садҳо ҳазор ҳамватанони мо соҳиби ҷойи кор шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ин раванди созандагӣ сокинони пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳми басо арзишманд гузоштанд.

 Дар баробари ин, як нуктаи муҳимро хотиррасон менамоям, ки мо ҳанӯз дар оғози давраи ватансозиву давлатсозӣ қарор дорем ва барои бартараф намудани мушкилоти дар зиндагии халқамон ҷойдошта бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем, Ватани маҳбубамонро обод ва давлати соҳибихтиёрамонро неруманду пешрафта гардонем.

Болоравии ҳувият, худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори милливу ватандории мардум, алалхусус, наврасону ҷавонони мо, дигар дастоварди муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Мо бояд ин дастовардро минбаъд низ таҳкиму тавсеа бахшем ва наврасону ҷавонон, яъне наслҳои ояндасозро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси баланди миллӣ, ифтихори миллӣ, омӯхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ тарбия намоем.

Ҳамватанони азиз!

51438576006_25e867bb97_oИмрӯз, ки сокинони ватандӯсту ободгари шаҳри Душанбе ва ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба роҳпаймоии идона баромадаанд, мехоҳам бо қаноатмандӣ изҳор намоям, ки баргузор гардидани чунин чорабиниҳои оммавӣ маҳз аз баракати сулҳу суботи комил дар саросари кишвар ва ваҳдати миллӣ буда, ин иқдом, бешубҳа, боиси шодиву нишоти хурду бузург, омили муассири болоравии ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллиамон мегардад.

Бо таҷлили бошукӯҳи 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистони маҳбуби мо бо барномаи мукаммали бунёди ҷомеаи навин ба сӯи дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорад.

Бовар дорам, ки даҳсолаҳои ояндаи асри XXI барои мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он даврони дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва комёбиҳои боз ҳам бештари илмиву фарҳангӣ хоҳанд шуд.

Мо минбаъд низ Ватани маҳбуби худро бо ифтихори баланди ватандорӣ ва бо заҳмати содиқонаи мардуми шарифу сарбаландамон ободу пешрафта гардонида, нуфузу обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ аз имрӯза дида баланд мебардорем.

Бори дигар тамоми ҳамватанони азиз ва ҳамаи шумо – иштироккунандагони роҳпаймоии имрӯзаро ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвари соҳибихтиёрамон, аз ҷумла, ба сокинони шарафманди пойтахт, хушбахтиву саодати ҳамешагӣ, иқболи нек ва ба Тоҷикистони маҳбубу соҳиб­истиқлоламон умри ҷовидона орзу менамоям.

Бигузор, Истиқлолияти давлативу озодӣ асрҳои аср машъали роҳи халқи озодихоҳу озодидӯсти тоҷик бошад!

Бигузор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии тоҷикон ҷовидонӣ бошад!

Зиндаву поянда бод, Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол!

Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!