Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№52 (4472) 28.04.2022

51785707930_47e563a336_o26 апрели соли 2022 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар он нахуст гузориши муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён «Дар бораи ҳисоботи раиси Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ, дар бораи вазъи таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, самаранок истифода бурдани Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бо ҷои кор таъмин гаштани онҳо дар давраи солҳои 2018-2022» шунида шуд.

Таъкид гардид, ки сафарбар намудан ва таҳсили шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар муассисаҳои олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар асоси созишномаҳои ҳамкорӣ дар ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ ва кишварҳои хориҷи дур ҳар сол зиёда аз панҷ ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Масъалаи бо ҷои кор таъмин гардидан мутобиқи Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» амалӣ шуда, хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дар самтҳои гуногуни ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми идоракунии ҷумҳурӣ кору фаъолияти босамар доранд.

52031891265_2f10df3603_oҲамчунин, таъкид шуд, ки ҳарчанд шумораи зиёди хатмкардагон ба ҷойҳои кор ҳозир шудаанд, вале аз рӯи таҳлилҳо маълум мегардад, ки 31,8 фоиз, тибқи тартиби муқарраргардида, амал накардаанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар ин самт супориш доданд, ки Вазорати маориф ва илм оид ба интихоб ва тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷи кишвар тадбирҳои амалӣ андешад.

Вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани шаҳрвандоне, ки аз тариқи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дурахшандагон» муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷиро хатм кардаанд, мусоидат намоянд.

Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуд», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 8 хулосаи Ҳукумати мамлакат ба як қатор қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карданд.

Инчунин, масъалаҳо «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод оид ба иваз намудани номи деҳаи Фақиробод ба деҳаи Обшорони деҳоти «Мискин­обод», ба деҳоти «Мискинобод»-и ноҳияи Файзобод додани мақоми шаҳрак ва иваз намудани номи он ба «30-солагии Истиқлол», «Дар бораи «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Дар бораи меъёрҳои андози замин ва андози ягонаи кишоварзӣ барои солҳои 2022-2026», «Дар бораи беэътимод эътироф кардани қарзи андозӣ ва аз ҳисоб баровардани қарзи андозии беэътимод эътирофшуда», «Дар бораи таъсиси шӯрои нозирон оид ба назорати амалисозӣ ва идоракунии ҷараёнҳои молиявии суратҳисоби махсус барои идоракунии воситаҳои молиявие, ки аз фурӯши неруи барқ дар дохили шабакаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд», «Дар бораи тарифҳо барои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ» ва «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022» баррасӣ гардида, вобаста ба татбиқи онҳо қарор қабул карда шуд.

Баъдан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати дар амал тат­биқ кардани нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои қаблии Президент, дас­турҳои маҷлиси Ҳукумат, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи самараноки заминҳо, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз супоришҳои мушаххас доданд.

Доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, гузаронидани кишти саривақтии зироатҳо, бахусус кишти такрорӣ, васеъ намудани майдони кишт, ба таври кофӣ захира кардани маҳсулоти хӯрокворӣ ва меваю сабзавот ва доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ супоришҳои мушаххас дода шуд.

www.president.tj