Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№145 (3939) 01.12.2018

44283145380_f9372034b9_o29 ноябри соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он нахуст «Доир ба ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2021-2022» гузориши вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода шунида шуд.

Сипас масъалаҳо вобаста ба лои­ҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» баррасӣ ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хамчунин масъалаҳо оид ба «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2019», «Низомномаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон», ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, «Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакатро ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳо вазифадор намуданд.

Дастуру супоришҳои дигар доир ба ­вусъати корҳои ободониву созандагӣ, бунёди мактабҳои кӯдаконаи мусиқӣ, боғҳои истироҳативу фарҳангӣ, майдончаҳои варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо, омодагӣ ба гузаронидани фасли зимистон, таъмини аҳолӣ ва иншооти хоҷагии халқи мамлакат бо барқу гармӣ, захираи маводи кофии сӯхт, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт дар роҳҳои қаламрави мамлакат ва пешгирӣ аз ҳолатҳои сар задани сӯхтор дар иншооти таъиноти гуногун дода шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият, сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дар маҷмӯъ, ба ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин иншооти бузурги аср саҳми ватандӯс­тонаи хешро гузоштаанд, аз номи худ ва Ҳукумати Тоҷикис­тон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Баъд маросими супоридани туҳфаҳо ба ғолибони озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилоти давлатӣ оид ба сохтмони майдончаҳои варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он аз ҷониби 86 вазорату идора ва шахсони алоҳида дар шаҳри Душанбе 92 майдончаи варзишию бозии кӯдакон бунёд ва таҷдиду навсозии 12 боғу гулгашт дар сатҳи баланд амалӣ гардид, ёдовар шуда, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва шахсони алоҳидае, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе чунин иншоот бунёд карда, дар ободу зебо гаштани он нақши худро гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ баён намуданд

Бо натиҷагирӣ аз ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявӣ ва барои иҷрои сифатноки корҳои бунёду навсозии майдончаҳои варзишӣ ва боғу гулгаштҳо 41 нафар ғолиб дониста, ҳавасманд ва бо туҳфаҳо қадршиносӣ карда шуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки дар соли 2019, то ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе боз 8 гулгашт таҷдид ва 58 майдончаи варзишии нави замонавӣ бунёд мегардад.

www.president.tj